25 май 2018, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English

Супориши лоиҳакашии иловагӣ ба «Тартиби гузаронидани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ»

73
Супориши лоиҳакашии иловагӣ ба «Тартиби гузаронидани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ»Супориши лоиҳакашии иловагӣ ба «Тартиби гузаронидани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҷойгиронии майдони нав бо рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар қитъаи замини масоҳаташ 10,3 гектар, ки он дар буриши дарёи Душанбе бо дарёчаи Лучоб, дар қисмати ҷанубии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, кӯчаи Низоми Ганҷавӣ ҷойгир мебошад, банақшагирӣ карда шавад (нақшаи ҷойгиршавӣ замима мегардад).
Шарҳи релефи маҳал, марзи қисмати болоии майдони интихобшуда рост буда, дар дурии 30 метр аз бинои дар қисмати ҷанубии маҷмааи биноҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воқебуда, ҷойгир мебошад. Қисмати шимолу ғарбии қитъаи замин аз қисматҳои шарқӣ ва ҷанубии он 5-6 метр баланд буда, пастхамиҳои дар маркази майдонбуда то сатҳи эстакадаи мавҷуд буда бо хок пуркарда мешавад. Дарахтону буттаҳои дар ин майдони интихобшуда мавҷуда мавриди бунёди маҷмаа ба дигар ҷой кучонида мешаванд.
Дар лоиҳа роҳҳои мавҷудаи майдони интихобшуда истифода кардашуда, ҳамзамон аз болои дарёи Душанбе аз самти хиёбони Ҳофизи Шерозӣ пул барои ворид шудан ба саҳни маҷмааи меъморӣ ба нақша гирифта шавад. Дар ҳудуди лоиҳавӣ
майдон бо роҳҳои баромаду воридшудан ба он барои баргузории роҳпаймоиҳо бо барномаҳои фарҳангӣ ва театркунонидашуда дар маъракаҳои сиёсиву фарҳангӣ, ба инобат гирифта шавад.

Расмҳои гирду атрофи майдони интихобшуда замима мегардад.

Таваҷҷуҳ: Ҳамзамон ба маълумотатон мерасонем, ки муҳлати пешниҳоди лоиҳа то 30 июни соли 2018 тамдид карда шуд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво