18 декабр 2018, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Озмун барои муайян намудани беҳтарин корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ оид ба корҳои ободонӣ

308
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии шиносоӣ бо тартибу талабот оид ба баргузории чорабиниҳои озмун мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2017 ва фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017 вабаста ба муайян намудани беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатии ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои ободонӣ, бунёди гулгаштҳо, сабзазоркунӣ, сохтмони майдончаи варзишӣ ва барқарорсозии боғҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ муовинони раисони ноҳияҳои шаҳр, сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди махали Кумитаи рушди маҳал, аъзои комиссияи шаҳри Душанбе ва комиссияи ноҳиявӣ оид ба баргузории озмун ва кормандони Кумитаи рушди маҳал ширкат варзиданд.
Ҳадафи ҷаласа мушаххас намудани тартиб, шарти баргузории озмун ва муайян намудани ғолибҳо буд.
Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи вазифаҳои хеш бо мақсади ҳамкорӣ ва расонидани кумаки амалия дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корҳои назаррасро ба анҷом расонида, омодагии худро барои ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ баҳри омӯзиш ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт равона сохтааст.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво