Главная > Навидҳо > Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафти сохтмон ва навсозии як қатор иншоот дар шаҳри Душанбе

Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафти сохтмон ва навсозии як қатор иншоот дар шаҳри Душанбе


10-04-2017, 09:43.

Шиносоии Сарвазири мамлакат  бо рафти сохтмон ва навсозии як қатор иншоот дар шаҳри ДушанбеСарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти сохтмон ва навсозии як қатор иншооти таъиноти гуногун дар шаҳри Душанбе шинос шуд.

Сарвазири мамлакат нахуст ба маҳалли Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф оварда, аз ҷараёни корҳои навсозии бинои иловагии донишгоҳи мазкур дидан кард.

Ҳамчунин, Қоҳир Расулзода бо рафти татбиқи лоиҳаи муштараки сохтмони Масҷиди бузург дар пойтахти мамлакат шинос шуда, дар идома аз маҳалли бунёди бинои асосии Почтаи тоҷик боздид ба амал овард.

Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмон ва навсозии иншооти таъиноти гуногун таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаи иҷрои босифати корҳои сохтмон ва навсозии иншоот зоҳир карда шуд.

Сарвазири мамлакат роҳбарони вазорату идораҳои дахлдорро вобаста ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифадор намуда, аз масъулин назорати ҳатмии рафти корҳои сохтмон, истифодаи мақсадноки маблағҳо ва риояи талаботи асосии санъати меъморию шаҳрсозии миллию муосирро талаб кард.
Вернуться назад