Главная > Навидҳо > Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон «Фестивали донишҷӯёни навовар ва ихтироъкори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» ҷамъбаст гардид

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон «Фестивали донишҷӯёни навовар ва ихтироъкори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» ҷамъбаст гардид


19-03-2017, 13:11.
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон «Фестивали донишҷӯёни навовар ва ихтироъкори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» ҷамъбаст гардид
Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ даври ҷумҳуриявии озмуни «Беҳтарин шеър ва ҳикояи наврӯзӣ» ва «Фестивали донишҷӯёни навовар ва ихтироъкори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» доир гардид.
«Фестивали донишҷӯёни навовар ва ихтироъкори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» аз рӯйи чор самт- техника ва технология, информатика, тиббу биология ва иқтисодӣ баргузор гардид. Дар озмун аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯёни 11 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 23 лоиҳа ширкат варзиданд.
Муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Бозоралӣ Одиназода иброз дошт, ки бояд муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бештар ба мавзӯъҳое аҳамият диҳанд, ки амалишавии онҳо дар истеҳсолот имконпазир бошад.
Ҳамчунин дар озмуни «Беҳтарин шеър ва ҳикояи наврӯзӣ» 17 шеър ва 14 ҳикояи наврӯзии донишҷӯён пешниҳоди аъзои ҳакамон гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар охир ғолибон бо мукофотҳои кумитаи тадорукот қадрдонӣ шуданд.
Вернуться назад