Главная > Навидҳо > Мусобиқаи гӯштини тарзи озод ва дзюдо дар Донишкадаи политехникӣ

Мусобиқаи гӯштини тарзи озод ва дзюдо дар Донишкадаи политехникӣ


1-03-2017, 15:34.
Тайи ду рӯз толори варзишии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд макони баргузории чемпионати вилоят оид ба гӯштини тарзи озод ва дзюдо гардид.
Тавре аз ин донишкада хабар доданд, дар мусобиқа беҳтарин варзишгарони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ бо ҳам дар вазнҳои мухталиф рақобат намуданд.
Дар мусобиқа мудири бахши варзишии Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Дилшод Тошбоев аз дастгириҳои давлат ва ҳукумат нисбат ба ҷавонон ҳарф зада, эълон шудани Соли ҷавононро фоли нек арзёбӣ намуд. Ба гуфти мавсуф, ҳадаф аз баргузории мусобиқа интихоби варзишгарон ба тими мунтахаби вилоят барои мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи ин намудҳои варзишӣ маҳсуб мешавад.
Варзишгарони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Бӯстон, Ҷаббор Расулов, Масчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров дар вазнҳои мухталиф ғолиб омада, ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Вернуться назад