Главная > Навидҳо > Шарҳи Паёми Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат

Шарҳи Паёми Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат


21-01-2017, 10:58.
Дар маркази ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Муртазоқулов ва раиси суди шаҳри Ваҳдат Сайфиддин Камолзода бо мақсади расонидани мафҳум ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ҷамоат вохӯрӣ доир гардид. Дар ин бора раиси ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳр Вайсиддин Сангинмуродов иттилоъ дод.
Раиси суди шаҳр иброз намуд, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аз ин рӯ, ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин мамлакат мебошад.
Инчунин зикр шуд, ки таъмини амният, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ, аз худ кардан ва дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ ҷорӣ намудани навгониҳои илму техника, дарки масъалаҳои афзалиятдоштаи пешрафти мамлакат ва ҳалли саривақтии онҳо аз ҳар яки мо масъулияти дучандро талаб менамояд.


Вернуться назад