Главная > Навидҳо > Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафти сохтмони бинои Академияи ВКД

Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафти сохтмони бинои Академияи ВКД


15-12-2016, 16:12.
Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони бинои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шинос шуд.
Сохтмони иншооти мазкур соли 2014 оғоз гардида, фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Корхонаи давлатии сохтмону васлкунии рақами 2-и Вазорати корҳои дохилӣ мебошад.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ мувофиқи нақша идома дошта, то имрӯз ба маблағи зиёда аз 30 млн. сомонӣ анҷом дода шудаанд. Дар айни замон корҳои ороишотӣ ва обу корезии қисмати дохилу беруни бино, васлу насби таҷҳизоти равшаннамоию ободониии саҳн ва атрофи бино бо маром идома доранд.
Бинои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ошёна ва се қисмат иборат буда, мувофиқи нақша дар соли 2017 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Баъди шиносоӣ бо ҳолати корҳои сохтмонӣ дар ҳузури Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода ситоди сайёри корӣ баргузор шуд. Дар ситоди корӣ масоили иҷрои босифат ва саривақтии корҳои сохтмонӣ ва вусъати корҳои ободонию хуррамгардонӣ, равшаннамоии атрофи бино мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сарвазири мамлакат вобаста ба татбиқи сифатнок ва мувофиқи нақшаи лоиҳаи сохтмони бинои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулони соҳаро вазифадор намуд.


Вернуться назад