Главная > Навидҳо > Барномаи оммавӣ бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО

Барномаи оммавӣ бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО


29-11-2016, 10:30.

Барномаи оммавӣ бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМОИмрӯз бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО, ки ҳамасола 1 декабр дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, дар Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи оммавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одами Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре ки Сайфиддин Каримов, директори Маркази мазкур иброз дошт, барномаи имрӯза ба «Ҳафтаи пешгирии сирояти ВНМО» бахшида шудааст. Бояд гуфт, ки чунин барномаҳо дар тамоми марказҳои мубориза бар зидди ВНМО-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегарданд. Дар ин рӯз ба ҳама хоҳишмандон ташхиси ихтиёрӣ ва ройгон расонида мешавад. Ҳангоми аз ташхис гузаштан ҳамчунин шахсон метавонанд нисбат ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин сироят маълумот гиранд.
«Дар Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва муқовимат бо ВНМО корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шудаанд. Аммо баҳри расидан ба барҳамдиҳии ин сироят то соли 2030 корҳои зиёдро амалӣ намудан зарур аст. Сирояти ВНМО имрӯз дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад. То 1 октябри соли 2016 дар ҷумҳурӣ тибқи маълумоти оморӣ 6621 нафар шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ба қайд гирифта шудаанд»,-зикр шуд дар ҷамъомад.
«Амалисозии чорабиниҳо бар зидди ин сироят ба он равона гардидааст, ки дар давоми 10-15 соли оянда пеши роҳи ин сирояти марговар гирифта шавад. Барои ин зарур аст, ки одамон ҳар чи бештар дар бораи ин сироят маълумот дошта бошанд, аз ташхиси фаврӣ гузаранд, шумораи ҳар чи зиёдтари сироятёфтагон табобати зиддиретровирусӣ гиранд ва дар нафарони сироятёфта пастшавии сарбории вирусӣ ба мушоҳида расад. Танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем пеши роҳи паҳншавии ин сироятро гирем»,-гуфт С. Каримов.


Вернуться назад