Главная > Навидҳо > Хатлон: Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода хизмати кормандони мақомоти милисаи вилоятро қадрдонӣ кард

Хатлон: Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода хизмати кормандони мақомоти милисаи вилоятро қадрдонӣ кард


10-11-2016, 11:38.
Дирӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик мачлиси ботантана доир гардид. Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз дошт, ки «саҳми кормандони мақомоти милиса дар нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, риояи конунҳои мамлакат басо калон буда вазифаҳои хизматии худро кормандони милиса бо сарбаландӣ иҷро мекунанд».
Д. Гулмаҳмадзода инчунин бо такя ба таърихи фаъолияти мақомот аз нафароне, ки дар нигоҳдории тинҷиву оромии мамлакат ва сулҳи пойдор ҷон супурдаанд, бо зикри хайр ёдовар шуд.
Дар фарҷом ба оилаҳои кормандони мақомоти милиса, ки зимни адои хизмат ҷон супоридаанд, мукофотхои пулӣ супорида шуданд. Ҳамзамон як гурӯҳ кормандони милиса барои хизмати намоён бо ифтихорномаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.
Вернуться назад