Главная > Навидҳо > Бунёди 500 иншоот дар ноҳияи Ёвон

Бунёди 500 иншоот дар ноҳияи Ёвон


28-08-2016, 11:45.
Дар давраи истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳияи Ёвон сохтмончиён дар ҳар гӯшаву канори ноҳия беш аз 500 иншооти гуногунтаъйинот бунёд намудаанд, ки корхонаҳои «Ғаюр», «Ато», «Ист-Коттон НФР», «Хима текстил», «Хуаксин Ғаюр семент», «Ваҳдат», «Комрон Агро Холдинг», «Фабрикаи мурғи беҳамто», «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал», «Ҷунгтсай Моҳир семент», «Криолит», 10 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, 14 муассисаи нави таълимӣ, даҳҳо биноҳои нави таълимӣ ва садҳо синфхонаҳои иловагӣ, биноҳои филиалҳои «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк», Прокуратура, «Терминали Ёвон», биноҳои зиёди маъмурӣ, 2 меҳмонхона, беш аз 10 иншооти варзишӣ, се тарабхонаи хуштарҳи замонавӣ, беш аз 120 гармхона ва даҳҳо маркази савдову хизматрасонӣ аз ҷумлаи онҳоянд.
Дар ҳудуди ноҳияи Ёвон қариб 30 адад субъекти пудратию сохтмонӣ мавҷуданд, ки аксари онҳо ғайридавлатӣ ва хусусӣ буда, асосан баъд аз солҳои 2000-ум таъсис ёфтаанд. Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди ноҳия, ки фаъолияти сохтмонӣ доранд, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар амри таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардидани буҷети ноҳия саҳми босазо мегузоранд.
Дар даврони истиқлолияти давлатӣ тавассути фаъолияти пурмаҳсули корхонаҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Ёвон бунёди иншооти таъйиноти гуногун вусъати тоза гирифт. Агар дар соҳаи сохтмони ноҳия дар оғози панҷсолаи панҷуми Истиқлолияти давлатии кишвар (соли 2012) азхудкунии маблағҳои асосӣ 57 млн. 218 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас, ин рақам дар соли 2015 ба 124 млн. сомонӣ ва дар 5 моҳи аввали соли 2016 ба 215 млн. 515 ҳазор сомонӣ расидааст.
Субъектҳои сохтмонӣ, аз қабили ҶДММ «Ғаюр», ҶСП «Муқим», ҶДММ «Наврӯз», ҶДММ «Зуҳали Убайдулло», ҶДММ «Ваҳдат», ҶДММ «Ҳадяи Оллоҳ», ҶДММ «Хуанфантсюй синю сохтмон», ҶДММ «Хуаксин сохтмон», ҶДММ «Прогресс», ҶДММ «Сабри Ёвон», ҶДММ «Эксперт-саноат» ва чанде дигар дар бунёди иншооти саноатӣ, таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангиву фароғатӣ, хизматрасониву маишӣ ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ саҳми арзанда доранд.
Вернуться назад