Главная > Навидҳо > Омодагӣ ба истиқболи 25- солагии Истиқлолият дар шаҳри Конибодом

Омодагӣ ба истиқболи 25- солагии Истиқлолият дар шаҳри Конибодом


23-08-2016, 11:09.
Бо мақсади истиқболи сазовори 25-умин солгарди Истиқлолияти кишвар дар ҳудуди шаҳри Конибодом корҳои ободонӣ вусъат ёфтаанд.
Аз ҷумла, мумфаршкунии роҳҳо бомаром идома дошта, якчанд кӯчаву роҳравҳои шаҳр мумфарш карда шуданд. Ин амал аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ роҳандозӣ гардидааст.
Чанде пеш зиёда аз 2 км роҳи кӯчаи Оромгоҳи деҳаи Қарақчиқуми Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ низ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ мумфарш гардид.


Вернуться назад