Главная > Навидҳо > ТАБРИК МЕКУНЕМ! Дилшод Назаров соҳиби медали тиллои Бозиҳои олимпӣ-2016 дар Рио-де-Жанейро гардид

ТАБРИК МЕКУНЕМ! Дилшод Назаров соҳиби медали тиллои Бозиҳои олимпӣ-2016 дар Рио-де-Жанейро гардид


20-08-2016, 10:36.

ТАБРИК МЕКУНЕМ! Дилшод Назаров соҳиби медали тиллои Бозиҳои олимпӣ-2016 дар Рио-де-Жанейро гардидГурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров соҳиби медали тиллои мусобиқаи гурзандозии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид.
Дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ, ки шоми 19 август бо вақти маҳаллӣ (субҳи 20 август бо вақти Душанбе) доир шуд, гурзандози тоҷик Дилшод Назаров бо нишондоди 78,68 м. медали тилло, Иван Тихон аз Беларус бо нишондоди 77.79 м. медали нуқра ва Войтсех Новитский аз Лаҳистон бо нишондоди 77.73 м. медали биринҷиро ба даст оварданд.



Вернуться назад