Главная > Навидҳо > Дусад рӯзи ободонию созандагӣ дар Кӯлоб

Дусад рӯзи ободонию созандагӣ дар Кӯлоб


12-03-2016, 11:26.

Ба хотири сазовор истиқбол намудани 19-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод 200 рӯзи ободонию созандагӣ эълон гардид. Маъмурияти Гимназияи давлатии Боғи Ҳабиби ноҳияи Муъминобод дар ин самт ба корҳои ободонию сабзазоркунӣ вусъати тоза бахшида, дар мавсими ниҳолшинонӣ дар боғи назди муассиса зиёда аз 200 намуд дарахтони мевадиҳандаю сояафкан шинонида, аз Маркази сабзазоркунии шаҳри Душанбе микдори зиёди гулҳои ороишию мавсимӣ дастрас гардид.
Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ду тарафи шоҳроҳи 204-километраи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма- Қароқурум
ба Гимназияи давлатии Боғи Ҳабиб, муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ва 52-и ноҳия ҳамчун қитъа ҷудо гардида, ба муассисаҳои мазкур вобаста шудааст. Дар ин мавзеъ ҳар рӯзи шанбею якшанбе ҳашарҳои умумӣ гузаронида мешаванд.

Вернуться назад