Главная > Навидҳо > Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд

Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд


10-03-2016, 11:55.

Имрӯз дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ мизи гирд дар мавзӯи «Ҷавонон пайрави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» доир гардид.
Дар он раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, олимони ҷавон, аспирантон ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд.
Аҳтам Абдуллозода вобаста ба нуктаҳои Паёми ироагардидаи соли 2016, ки роҳнамо ва дастурамали кори ҳар як сохтору шахс маҳсуб мешавад, ибрози назар намуд.
Раиси кумита аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки барои муқовимат нишон додан ба таҳдидҳои замони муосир ҳар як фард бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, донишу касбияти худро сайқал дода, барои ободии кишвар саҳмгузор бошад.
Аспирантону донишҷӯёни фаъол сипоси худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти маҳбуби мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои пайваста ва фароҳам овардани шароит бобати аз худ намудани илму дониш баён намуданд.

Вернуться назад