Главная > Навидҳо > Озмуни «Ҳомиёни Ватан» бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ

Озмуни «Ҳомиёни Ватан» бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ


22-02-2016, 10:09.

Бахшида ба 23-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ озмуни «Ҳомиёни Ватан» доир гардид.
Донишҷӯён аз рӯи панҷ шарт — саломнома, маҳорати тӯбронӣ дар навъи варзишии баскетбол, сангбардорӣ, муаррифии касби интихобкарда ва саволу ҷавоб байни ҳам рақобат намуданд.
Донишҷӯёни факултети сохтмон бо ба даст овардани холи аз ҳама бештар сазовори ҷойи якум гардиданд. Зинаҳои баъдиро донишҷӯёни факултети информатика ва энергетика ва муҳандисӣ- технологӣ ба даст оварданд.
Дар анҷом ба ғолибон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Вернуться назад