Главная > Навидҳо > Мулоқоти судманд бо кормандони НБО-и Нораку Бойғозӣ

Мулоқоти судманд бо кормандони НБО-и Нораку Бойғозӣ


8-02-2016, 15:06.
Дар НБО-и Нораку Бойғозӣ вохӯрии гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Норак бо ҷамоаҳои меҳнатӣ дар мавзӯи «Аз Паём то Паём» баргузор гардид.
Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Самизода Санавбар, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Шаҳло Бобиева, раиси Комиҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Гулмуродзода Қумриниссо ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр Сайлӣ Расулова доир ба Паёми навбатии Президенти кишвар, ҳамчунин масъалаҳои солимии ҷомеа, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, ҷалби насли наврас ва ҷавонон ба омӯзиши илму касб ва дигар мавзӯъҳои ҳалталаби рӯз сухан гуфтанд.
Вернуться назад