Главная > Навидҳо > Протоколи мубодилаи тасдиқномаи Шартномаи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расид

Протоколи мубодилаи тасдиқномаи Шартномаи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расид


17-05-2019, 17:28.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими имзои Протоколи мубодилаи тасдиқномаи Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Санади мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Вазири корҳои хориҷӣ Абдулазиз Комилов имзо намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 17 августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тарафи роҳбарони ду давлати бо ҳам дӯсту ҳамсоя муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расида буд.

Мутобиқи моддаи 16-и Шартномаи мазкур ин санад аз 17 майи соли 2019 эътибор пайдо кард.
Вернуться назад