Главная > Навидҳо > Дар Хуҷанд 163 иншоот бо маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ бунёд шуданд

Дар Хуҷанд 163 иншоот бо маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ бунёд шуданд


17-04-2019, 09:33.
Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром ҷараён доранд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, чун коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд.

Бо мақсади сазовору шоиста таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ дар шаҳри Хуҷанд то имрӯз беш аз 163 иншооти гуногуни хоҷагии халқ ба маблағи 416 миллиону 218 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти вилояти Суғд нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ аз 341 банд тасдиқ гардида, дар он ба ғайр аз гузаронидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳо ва маҳаллаҳои шаҳр, инчунин сохтмон, навсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, бунёди як зумра корхонаҳо ва коргоҳҳои истеҳсолию саноатӣ, сохтмон ва таъмиру навсозии муассисаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ, сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна ва маъмурию хизматӣ, сохтмони ҳаммом, чойхона, толори ҳусн, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайра дар назар аст. Бунёди ин иншоот аз соли 2018 оғоз ёфта, онҳо то соли 2021 ба истифода дода мешаванд.

Давоми соли 2018 дар маҷмӯъ 48 банди нақшаи чорабинии мазкур бо харҷи беш аз 323 миллиону 910 ҳазор сомонӣ бо дарназардошти татбиқи лоиҳаи нақлиёти мусофиркашонӣ ва ба истифода додани беш аз 69 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ амалӣ гардонида шуд.

Дар семоҳаи аввали соли равон беш аз 94 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ ба маблағи умумии беш аз 92 миллиону 308 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар маҷмӯъ давоми соли сипаригардида ва семоҳаи якуми соли равон беш аз 163 иншооти гуногуни соҳаи хоҷагии халқ ба маблағи 416 миллиону 218 ҳазор сомонӣ бо таъсиси зиёда аз 900 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд. Инчунин баҳри сазовор ҷашн гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат дар шаҳр корҳои ободониву сохтмонӣ бо маром идома доранд.


Вернуться назад