Главная > Навидҳо > Дар Ховалинг як зумра иншооти мавриди ниёзи мардум ба истифода дода шуданд

Дар Ховалинг як зумра иншооти мавриди ниёзи мардум ба истифода дода шуданд


15-04-2019, 14:16.
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон як зумра иншооти барои мардум зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон, ҷалби соҳибкорон ва саҳми сокинон дар деҳаи Паранаки Ҷамоати деҳоти «Ховалинг» иншооти оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд. Иншоот аз манораи об, марказҳои тақсимоти об, ҳисобкунакҳо ва 70 нуқтаи обгирӣ иборат буда, барои беш аз 350 нафар сокинон пешбинӣ шудааст.

Ҳамин гуна иншоот дар яке аз дурдасттарин деҳаҳои Ҷамоати деҳоти «Ҷонбахт» барои 30 оила ба истифода супорида шуд. Иншоот ҷавобгӯ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ буда, аз обанбор барои 20 метри мукааб об, иншооти обтаъминкунӣ, ҳисобкунакҳо ва 30 нуктаи обгирӣ иборат мебошад.

Тавре сокини ноҳияи Ховалинг Ҳасан Аминов иттилоъ дод, сокинони ҷамоат барои ин ғамхориҳо миннатдории хешро ба роҳбарияти олии мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баён карданд.

Чанде пеш бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби соҳибкорон бинои маркази дандонпизишкии ноҳия тариқи ҳашар пурра навсозӣ гардид. Корҳои сохтмонӣ дар муҳлати кӯтоҳтарин бо сифати баланд ба анҷом расиданд. Минбаъд дар ин марказ, ки шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст, 12 нафар кормандони соҳа ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

Ҳамзамон дар деҳаи «Чуқурак»-и Ҷамоати деҳоти «Ҷомбахт» соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинон тариқи ҳашар бо ҷалби техникаҳои Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ба сангфаршкунии роҳҳои деҳа оғоз карданд. Баъди анҷоми сангфаршкунӣ соҳибкорон мақсад доранд, ки аз чашмаҳо ба воситаи қубурҳо то деҳа оби нӯшокӣ кашонанд ва аҳолии деҳаро бо оби ошомиданӣ пурра таъмин намоянд.
Вернуться назад