Главная > Навидҳо > Аз амали террористии Истанбул шаҳрвандони Тоҷикистон зарар надиданд

Аз амали террористии Истанбул шаҳрвандони Тоҷикистон зарар надиданд


13-01-2016, 11:29.
— Аз таркише, ки дирӯз дар майдони Султон Аҳмади Истанбули Ҷумҳури Туркия аз тарафи террористи худкуш содир гардид, ягон шаҳрванди Тоҷикистон зарар надидааст. Дар ин бора ба агентии «Ховар» аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ дода, гуфтанд, ки ВКХ бо сафорати мамлакат дар кишвари Туркия алоқаи мустақими доимӣ дорад ва шароити будубоши шаҳрвандони мамлакат дар хориҷи кишварро таҳти назорати мунтазам қарор додааст.
Хотирасон бояд шуд, ки дирӯз дар майдони Султон Аҳмади шаҳри Истанбул таркиш рух дод, ки 10 нафар фавтида, 15 тани дигар маҷрӯҳ гардиданд. Ҳадафи террористи худкуш сайёҳони хориҷӣ будааст, зеро дар майдони Султон Аҳмад мавзеъҳои ҷолиб, аз ҷумла масҷиди Айя-София, Масҷиди кабуд ва майдони аспдавонӣ ҷойгиранд, ки сайёҳони хориҷӣ барои тамошову истироҳат бештар ба ҳамин майдон меоянд.

Вернуться назад