Главная > Навидҳо > Дар Душанбе марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ баргузор мегарданд

Дар Душанбе марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ баргузор мегарданд


14-03-2019, 13:11.
16 марти соли 2019 дар шаҳри Душанбе марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ баргузор мегарданд. Дар ин бора Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, қарори мазкур бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили Иди байналмилалии «Наврӯз», таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаёти солим, дар сатҳи баланди касбиву ташкилӣ баргузор намудани марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ қабул карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки марафони велосипедронӣ аз соати 8:00 то 9:00 ва дави наврӯзӣ аз соати 9:00 то 10:00 идома меёбад.
Вернуться назад