Главная > Навидҳо > Тарбияи кадрҳои ҷавони тоҷик дар ДДУК мавзӯи асосии суҳбати Шамсиддин Орумбекзода ва Владимир Малишев гардид

Тарбияи кадрҳои ҷавони тоҷик дар ДДУК мавзӯи асосии суҳбати Шамсиддин Орумбекзода ва Владимир Малишев гардид


13-03-2019, 11:39.
Дирӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳайати меҳмонон аз Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов таҳти роҳбарии ректори ин донишкада, профессор Владимир Малишев вохӯрӣ анҷом дод.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо оид ба баргузории «Рӯзҳои ДДУК (ВГИК) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбат намуданд.

Рӯзҳои ДДУК (ВГИК) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то 15 марти соли 2019 идома ёфта, дар доираи он баргузории дарсҳои сайқали маҳорат, машғулиятҳои омӯзишӣ, намоиши филмҳою спектаклҳо ва барномаҳои консертӣ дар назар аст.

Профессор Владимир Малишев иброз дошт, ки барои гузаронидани Рӯзҳо ҳайати 38-нафара аз ин донишкадаи Россия ба Тоҷикистон омадаанд. «30 нафар донишҷӯёни фаъол ба ҳайъат шомиланд, ки филмҳо ва намоишҳои худро манзури ҳамтоёни тоҷикистонии худ мегардонанд. Ин барои ҳам донишҷӯёни тоҷик ва ҳам рус имкони хуби табодули таҷриба хоҳад буд»,- илова намуд ӯ.

Тарбияи кадрҳои ҷавони тоҷик дар ДДУК ва омодасозӣ ва пешниҳоди довталабони боистеъдод аз Тоҷикистон барои таҳсил дар ин муассисаи машҳури таҳсилоти олӣ, ки маъруфтарин ҳунарпешагони ҷаҳониро ба камол расонидааст, мавзӯи асосии суҳбат буд.


Вернуться назад