Главная > Навидҳо > Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дар саҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ дар пойтахт қарор ба имзо расонид

Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дар саҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ дар пойтахт қарор ба имзо расонид


14-02-2019, 12:12.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дирӯз дар бораи таҷлили 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.

Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, қарори раиси шаҳр таҳти рақами 75 рӯзи 12 феврал «бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 26 -солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани нангу номуси ватандорӣ, худшиносӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, инчунин иҷрои банди 73 Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2019» ба тасвиб расидааст.

«Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи замима тасдиқ карда шавад», — гуфта мешавад дар банди аввали қарор.

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои мазкур вазифадор шудаанд.

«Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои тандурустӣ ва Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ» ва бехатарии зиддисӯхтор чораҳои зарурӣ андешанд»,-омадааст дар банди севуми қарор.
Вернуться назад