Главная > Навидҳо > Сироҷиддин Муҳриддин: «Тифлони тоҷик аз Ироқ ва Сурия ба Ватан баргардонида мешаванд»

Сироҷиддин Муҳриддин: «Тифлони тоҷик аз Ироқ ва Сурия ба Ватан баргардонида мешаванд»


12-02-2019, 14:05.
Ҳамаи кӯдакони тоҷик, шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ироқ ва Сурия ба Ватан баргардонида мешаванд. Ин нуктаро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз дар нишасти матбуотӣ иброз дошт.

Ба гуфти Вазир, то имрӯз дар Ироқ 92 кӯдак-шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд, ки 31 нафари онҳоро тифлони то 3-сола ташкил медиҳанд. Барои баргардонидани онҳо иҷазати 75 нафар волидайн гирифта шудааст, ки ин яке аз талаботи асосии қонунгузории Ироқ ба шумор меравад. Ҳамаи кӯдакон ба Ватан оварда хоҳанд шуд.

«Дар маҳбасҳои Ироқ 43 зан- шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд. Барои баргардонидани онҳо ба Ватан вақт ва заҳмати зиёд даркор аст», — гуфт Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар ин росто Сироҷиддин Муҳриддин ҳамзамон иброз намуд, ки ба наздикӣ гуфтушунидҳо ва раванди баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия оғоз мегардад. Барои ин яке аз сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои бо Сурия ҳамсарҳад сафарбар хоҳад шуд.


Вернуться назад