Главная > Навидҳо > Дар хиёбону кўчаҳои Хуҷанд беш аз 2000 бех дарахтони ороишӣ ва 10 ҳазор дона гули садбарг шинонида шуданд

Дар хиёбону кўчаҳои Хуҷанд беш аз 2000 бех дарахтони ороишӣ ва 10 ҳазор дона гули садбарг шинонида шуданд


10-02-2019, 19:40.
Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 1300 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардидааст. Дар ин замина дар доираи корҳои таъмиру навсозӣ ва бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳамчунин маъракаи ниҳолшинонӣ ва корҳои ободониву сарсабзгардонидании маҳалҳо бомаром идома дорад. Вусъати ин маъракаи муҳим бахусус дар маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд бештар ба назар мерасад. Сокинони касбу кори гуногун дар корҳои бунёдкорӣ якдилона иштирок доранд. Аз ҷумла, имрӯзҳо сокинони яке аз маҳаллаҳои калони шаҳр — Чашмаи Арзана низ дар корҳои ободонӣ ва маъракаи шинонидани ниҳолҳо фаъоланд.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифтааст, ки кӯчаи ба номи Саиднофеъ Саидвалиеви маркази ин маҳалларо таҷдиду навсозӣ намояд. Ҳамзамон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд масофаи зиёда аз 3 километри он пурра мумфарш ва роҳҳо чароғон гардида, дар ду канори роҳ пайроҳа ва обравҳо низ сохта мешаванд.

Бояд гуфт, ки зимни маъракаи сабзазоркуниву ниҳолшинонӣ танҳо моҳи январи соли равон дар хиёбону кӯчаҳои Хуҷандшаҳр 2020 бех дарахтони ороишии ҳамешасабз ва 10 ҳазору 400 дона гули садбарг шинонида шуданд. Инчунин 213 ҳазор дона тухми пиёзаки лола, 300 ҳазор адад гулҳои ҳархелаи ороишии қаблан шинонидашуда таҳти нигоҳубин қарор дошта, ҳамзамон барои моҳҳои минбаъда дар кӯчаву хиёбонҳои маркази вилоят шинонидани гулу ниҳолҳо ҳоло дар муассисаи сабзазоркунӣ ва гулпарварӣ 30 ҳазор адад навниҳоли ороишӣ парвариш карда истодаанд.
Чунин раванди корҳои ободониву сарсабзгардонӣ имрӯзҳо дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳр низ баръало ба назар мерасад.

Бахшида ба 1300 рӯзи ободонию сабзазоркунӣ ва омодагиҳо ба таҷлили «Фестивали гули лола ва таомҳои миллӣ» дар ҳудуди Боғ аз ҷониби кормандону боғбонони ин маҷмаа маъракаи ниҳолшинонӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, то имрӯз дар ҳудуди маҷмаа 63 адад дарахтони ҳамешасабзу сояафкан, чун арча, шоҳбулут, можавелник, чормағз ва бодом шинонида шудаанд.
Вернуться назад