Главная > Навидҳо > Дар Бадахшон неругоҳҳои обию барқии «Себзор» ва «Санобод» мавриди истифода қарор дода мешаванд

Дар Бадахшон неругоҳҳои обию барқии «Себзор» ва «Санобод» мавриди истифода қарор дода мешаванд


9-02-2019, 12:06.
Аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ -ин ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ буд. Зеро рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба неруи барқ бастагӣ дошт. Аз ин рӯ сарфи назар аз мушкилоти молию иқтисодӣ ва сиёсӣ, дар мамлакат сохтмони неругоҳҳои хурду бузург шурӯъ гардид. Яке аз нахустин неругоҳҳои хурди барқӣ, ки дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз кард, ин неругоҳи хурди барқии «Помир 1» буд.

Сухангӯи ширкати «Помирэнерҷӣ» Абдулло Амонбеков он рӯзҳоро ба хотир оварда, мегӯяд, ки «таҳкурсии ин неругоҳ соли 1984 гузошта шуд ва баъди аз ҳам пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маблағгузории он қатъ гардид. Сокинони вилоят дигар умедашонро аз бунёд шудани ин неругоҳ канданд. Аммо соли 1992 бо саъю талоши Ҳукумати ҷумҳурӣ сохтмони неругоҳи мазкур дубора оғоз ёфт ва соли 1994, дар остонаи ҷашни Наврӯз агрегати якуму дуюми он бо тавоноии 14 ҳазор киловатт-соат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳарчанд вазъият дар минтақа чандон ором набуд, аммо ба ин нигоҳ накарда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ин неругоҳи воқеан барои сокинони шаҳри Хоруғ ва деҳоти атрофи он муҳим ширкат намуда, изҳор доштанд, ки агрегати сеюму чоруми ин неругоҳ низ ояндаи наздиктарин ба истифода дода мешаванд. Ҳамин тавр соли 2005 ду агрегати дигари неругоҳи «Помир 1» ҳам мавриди истифода қарор гирифтанд».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳазорон нафар аз ширкунандагони маросими пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳро табрик карда, изҳор доштанд, ки «имрӯз дар таърихи навини Тоҷикистон боз як рӯйдоди фараҳбахши муҳим ба вуқӯъ омад, ки мову шумо шоҳиди бевоситаи он ҳастем. Ин лаҳзаҳо, ки навбати дуюми неругоҳи барқи обии «Помир 1» пурра ба истифода дода шуд, на танҳо барои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, балки кулли кишварамон хурсандиовар аст. Зеро бунёд кардану мавриди истифода қарор додани неругоҳи мазкур ва бо қувваи барқ таъмин шудани як қатор ноҳияҳои вилоят дар роҳи истиқлолияти энергетикии мамлакат дастоварди назаррас мебошад».

Ҳоло дар вилоят 11 неругоҳи хурду миёнаи барқи обӣ муназзам фаъолият доранд, ки 6-тояш дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бунёд гардида, аксарияташон ба шабакаи марказии «Помирэнерҷӣ» пайваст карда шудаанд. Ҳоло 91 фоизи аҳолии вилоят дар чаҳор фасли сол бо неруи барқ шабонарӯзӣ таъмин мебошанд. Аммо бо бунёд гардидани корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ талабот ба неруи барқ низ рӯ ба афзоиш мениҳад. Аз ин рӯ бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи бунёди боз ду неругоҳи хурду миёна мавриди тадқиқу ташхис қарор дода шуд.

Моҳи июли соли гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санги асоси Неругоҳи барқи обии «Себзор»-ро гузоштанд ва марҳилаи аввали корҳои бунёдӣ оғоз ёфт. Ҳоло корҳои асосноккунии техникии Неругоҳи барқи обии «Санобод» идома доранд. Дар маҷмӯъ, ин ду неругоҳ 211 ҳазор киловат-соат неруи барқ истеҳсол мекунанд.


Вернуться назад