Главная > Навидҳо > Хона пойтахти зиндагист

Хона пойтахти зиндагист


6-08-2015, 20:23.
Зебоию ободии шаҳрҳо, кӯчаю хиёбонҳо, биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва ҳазорҳо коху қасрҳои муҳташам аз заҳмати бинокорону меъморон аст. Хабарнигори «Ҷумҳурият» Сайвалии Азиз дар остонаи ҷашни касбии бинокорон, ки ҳар сол якшанбеи дуюми моҳи август ҷашн гифта мешавад, суҳбате орост бо раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҷамшед Аҳмадзода Ҷалол перомуни бурду бохт, дастовардҳо, мушкилот ва вазифаҳои кормандони бахши сохмону меъморӣ ва лоиҳакашии мамлакат.

-Нахуст, ҷашни касбиатонро ба шумо ва ҳамаи бинокорон табрик мегӯем. Бинокорон, меъморон ва лоиҳакашон ҳамеша рисолату масъулияти ифтихори созандагию ободкорӣ доранд. Шаҳру маҳаллаҳо ба шарофати ҳунар ва заҳмати онҳо обод мешаванд…

- Ташаккур. Сохтмончиёну меъморон ва лоиҳакашони мамлакат дастуру супоришҳоеро, ки аз Паёми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, барои иҷрои вазифаҳои барномавӣ талошу кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дилрабоии шаҳру хиёбон, кӯчаю биноҳои мамлакат, умуман, симои ватани азизамон, аз як ҷиҳат боиси ифтихор бошад, аз ҷониби дигар бар дӯши мо масъулияти азим во мегузорад. Сарвари давлат дар доираи сафар ба шаҳри Роғун аз сифати хуби корҳои сохтмон ва барқарорсозии иншооти асосии Неругоҳи барқи обии Роғун, аз ҷумла, нақбҳои нақлиётию сохтмонӣ, толорҳои мошинҳо, трансфарматорҳо, агрегатҳо ва нақбҳои ноқилгузар таъкид карданд, ки: «Ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки неругоҳи Роғун барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад». Бунёдкорони неругоҳ ваъда доданд, ки ҳар як дастури Сарвари роҳнамои худро бо сарбаландӣ иҷро менамоянд. Яке аз нуктаҳое, ки Президенти мамлакат таъкид намудаанд, истифода аз санъати ғании меъмории ниёгон ва ҳусни миллӣ бахшидан ба сохтмонҳои замонавист. Аз ин рӯ, лоиҳакашон зимни тарҳрезии нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба хусусияти миллии меъморӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Ҳоло нақшаи генералии 29 шаҳру ноҳия пурра ба анҷом расида, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ гардидааст ва мавриди амал қарор доранд. Нақшаи генералии шаҳрҳои Душанбе, Сарбанд, Қайроққум, ноҳияҳои Ҷиликӯл, Муъминобод, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дарвоз бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа мешаванд. Таҳияи нақшаи генералии шаҳрҳои Панҷакент, Ёвон, ноҳияҳои Мурғоб, Бохтар, Ғончӣ, Ашт ва Варзоб пурра ба анҷом расидааст. Сохтмону барқарорсозӣ, таъмир ва ободонии иншооти гуногуни хоҷагии халқ дар қаламрави мамлакат бо суръат идома дорад. Тайи шаш моҳи аввали соли равон 418,5 ҳазор метрии мураббаъ манзили истиқоматӣ, ҳамчунин, мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 2 ҳазору 288 хонанда, муассисаҳои томактабӣ барои 235 ҷой ва дармонгоҳ барои қабули 96 бемор дар як баст ба истифода дода шуданд.

- Бешак, дар кори сохтмон мушкилоту монеаҳо ҷой доранд?

- Албатта, бе мавҷудияти нақшаҳои генералӣ ва муфассали бунёди биною иншоот, кӯчаву хиёбон ва гулгаштҳо мушкилӣ ба миён меояд. Сармеъморон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Чкалов, Айнӣ, Носири Хусрав, Қубодиён, Ҳамадонӣ, Шаҳритӯс ва Данғара ба таҳияи нақшаҳои генералӣ ҳанӯз шурӯъ накардаанд. Коркарди нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Кӯҳистони Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон, Зафаробод, Мастчоҳ, Қумсангир, Хуросон, Панҷ ва Ховалинг суст ҷараён дорад. Бо ҳамин сабаб зимни тарҳрезии маҳаллаҳои аҳолинишин камбудӣ ва қонуншиканиҳо роҳ меёбанд, дар баъзе қитъаҳои барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ ҷудошуда сохтмон бемавҷудияти нақша, ба назар гирифтани инфрасохтор ва хавфнокии маҳал роҳандозӣ мешавад. Сармеъморон вазифаҳои худро танҳо дар иҷрои масъалаҳои дуюмдараҷа мебинанд, ҳол он ки ободии шаҳру ноҳия, зебоии симои меъмории ҳар биною хиёбон аз ҳунару истеъдод ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои хидматии онҳо вобаста аст. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба сохтмони иншоот бемавҷудияти санадҳои лоиҳавию харҷномавӣ - бар хилофи қоида ва меъёрҳои бинокорӣ иҷозат додаанд. Чунин иншоот, ки дар онҳо ягон зебоӣ дида намешавад, симои шаҳру маҳаллаҳоро мекоҳонанд. Имконияти шабакаҳои муҳандисии шаҳру ноҳияҳо (обукорез, барқ) ба вусъати сохтмони бинову иншооти муосир ҷавобгӯ нест. Пайваст намудани иншооти нав ба шабакаҳо боиси гарон гардидани нархи сохтмон ва монеи рушди соҳибкорӣ дар ин соҳа мешавад. Мушкилоти мазкур дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба назар мерасад.

- Сохтмонҳои асосии кунунӣ кадомҳоанд?

- Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои солгарди 24–уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 700–солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 3000–солагии Ҳисор, бунёди шаҳракҳои Сайҳун дар вилояти Суғд, маҳаллаҳои нави аҳолинишин дар мавзеъи Теми шаҳри Хоруғ бунёди иншооти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ, хизматрасонӣ ва хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат самтҳои асосии фаъолияти имрӯзаи бинокоронанд. Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дастур гирифтааст, ки барои ҳарчи зудтар бунёд намудани шаҳраки истиқоматӣ ва инфрасохтори он дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон ва деҳаҳои Бедаку Ҳалқарфи ноҳияи Рашт мусоидат намояд.Корҳои сохтмону васлгарӣ ва таъмиру барқарорсозӣ дар неругоҳи Роғун мутобиқи ҷадвали тақвимии ба истифода додани навбати аввали неругоҳ бо сифати баланд ва тибқи тавсияи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ҷараён доранд.

Хонаро пойтахти зиндагӣ мегӯянд, ки бесабаб нест. Аз ин нуқтаи назар кӯшиш мекунем, ин пойтахт ҳамеша чароғон бошад. Ҳар хонае, ки сохта мешавад, хоҳ дар маҳал ва хоҳ дар марказ ҳам зиндагии соҳибхона ва ҳам нимаи шаҳру деҳоти моро зебоӣ мебахшад. Мардуми соҳибтамаддун, балки тамаддунофари тоҷик ба зиндагии аз ин ҳам беҳтару роҳат шоистааст. Ҳар хиште, ки болои ҳам мегузорем, ба хотири таъмини чунин зиндагист.

Итминони комил дорам, ки бинокорони Тоҷикистон барои боз ҳам ободу зебо гаштани симои Ватани маҳбубамон ва таъмини шароити боз ҳам беҳтари кору зиндагии мардуми сарбаланд бо дили гарму бозуи қавӣ содиқона меҳнат мекунанд.
Вернуться назад