Главная > Навидҳо > Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Кумита»

Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Кумита»


8-11-2018, 10:17.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оммавӣ гардонидани футбол дар байни кормандони дастгоҳи марказӣ ва корхонаву ташкилотҳои системаи Кумита мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Кумита» баргузор намояд.

Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Кумита»

Дар ин мусобиқа дастаҳои футболи дастгоҳи марказӣ ва корхонаву ташкилотҳои системаи Кумита, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ҶСК «ПИЛҶ САНИИОСП», КВД «Душанбешаҳрсоз», ҶСК «Селтехпроект» иштирок менамоянд.

Мусобиқа санаи 7 ноябри соли 2018 оғоз гардид. Ғолибони мусобиқа бо ҷоиза ва мукофотҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.

Л. Наврӯзов, сардори Раёсати корҳои дастгоҳи марказии Кумита
Вернуться назад