Главная > Навидҳо > Дар деҳаи баландкӯҳи Чухкани ноҳияи Дарвоз бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд

Дар деҳаи баландкӯҳи Чухкани ноҳияи Дарвоз бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд


7-11-2018, 11:38.
Сокинони деҳаи баландкӯҳ ва дурдасти Чухкани ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз аз кушода шудани бунгоҳи тиббии замонавӣ хеле хушҳол гардиданд. Зеро онҳо то ин дам барои кумаки аввалини тиббӣ ба деҳаи ҳамсоя раҳсипор мешуданд.

Бояд гуфт, ки ҷамоати Сағирдашт яке аз минтақаҳои сербарф мебошад. Дар фасли зимистон ғафсии барфи инҷо то як метр расида, танҳо дар моҳи май об мешавад. Аз ин рӯ дар лаҳзаҳои зарурӣ барои аз як деҳа ба деҳаи дигар рафтан вақти зиёд масраф мешавад.
Раиси ноҳияи мазкур Саидбурҳон Абдураҳмонзода дар маросими ифтитоҳи бунгоҳи тиббӣ аз иқлими сербориш ва сарди ҷамоати Сағирдашт ёдовар шуда, бинои навбунёди бунгоҳи тиббиро барои сокинони ин деҳа ҳаётан муҳим хонд. Ба гуфтаи раиси ноҳия, бунгоҳи мазкур бо дастгирии Барномаи рушди манотиқи кӯҳистони бунёди Оғохон сохта шуд. Барои корҳои сохтмонӣ ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардонидани он зиёда аз 430 сомонӣ сарф гардид.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин бунгоҳи тиббӣ чаҳор воҳиди корӣ ҷудо намуд. Чаҳор нафар аз духтарони маҳаллӣ, ки омӯзишгоҳи тиббиро хатм кардаанд, дар ин бунгоҳ соҳиби ҷои кор шуданд.

Ин 13-умин бунгоҳи нави тиббӣ дар ноҳия мебошад, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дари худро ба рӯи ниёзмандон боз мекунад.
Вернуться назад