Главная > Навидҳо > Соҳибкорони шаҳри Хуҷанд дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми назаррас мегузоранд

Соҳибкорони шаҳри Хуҷанд дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми назаррас мегузоранд


29-10-2018, 10:03.
Дар маркази маъмурии Суғд- шаҳри Хуҷанд то 1 октябри соли 2018 теъдоди соҳибкорони инфиродӣ ба 8106 нафар расида, аз миқдори умумии бо фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда 25,8 фоизашро занҳо ташкил медиҳанд. Имрӯзҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри фаъолияти мунтазами соҳибкорони ватанӣ, хосатан дар самти ба роҳ мондани ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, дастгирӣ зимни бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ як зумра имтиёзҳову иқдомҳои судманд пешбинӣ гардидаанд.

Аз ҷумла, давоми нуҳ моҳи соли равон мутобиқ бо қарорҳои дахлдори раиси шаҳр ба 39 нафар соҳибкорон барои бунёди 42 адад иншоот, аз ҷумла 7 коргоҳи истеҳсолӣ, 12 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, 3 адад майдончаи варзишӣ, 1 адад боғчаи бачагона, 1 адад мактаб, 1 адад тарабхона, 17 адад марказҳои савдо ва хизматрасонӣ қитъаҳои замин ҷудо карда шудаанд.

Ҳамзамон баҳри дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби 9 адад ташкилотҳои қарздиҳӣ ва бонкҳо зиёда аз 232,7 млн. сомонӣ ба 14854 нафар соҳибкорон, аз ҷумла 7142 нафар занон қарзҳои хурд дода шудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин бино бар иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», давоми нуҳ моҳи соли равон бо ҳамдастии соҳибкорони маҳаллӣ ва мақомоти иҷроияи шаҳрӣ дар ҳудуди маркази вилоят 17 иншооти маданию маишӣ, истиқоматию коммуналӣ ва саноатӣ ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла, маҷмааи меҳмонхонаи «Парламент», бинои истиқоматии 6-ошёна бо маркази савдо ва хизматрасонӣ, кӯдакистон барои 240 нафар ва дар қитъаҳои заминҳои барои сохтмони биноҳои баландошёна ҷудо гардида 57,2 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ бо истифода аз унсурҳои инноватсионӣ ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 1,8 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад.

Дар ин радиф ҳамзамон бояд гуфт, ки соли равон тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, таъмири 32,5 км роҳҳои мошингард, аз ҷумла 12,5 км таъмири роҳҳо ва кӯчаву хиёбонҳо ва 20,0 км роҳҳои мошингарди байни биноҳои истиқоматии микроноҳияҳо ва дохилии маҳаллаҳо ба назар гирифта шудааст. То имрӯз аллакай дар ҳамдастӣ бо соҳибкорон ва мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳрӣ беш аз 90 фисади корҳо (30,3 км) ба анҷом расонида шудаанд, ки бевосита аз ҳамкории қавӣ доштани мақомоти шаҳр бо сокинону соҳибкорон гувоҳӣ медиҳад.


Вернуться назад