Главная > Навидҳо > Иди касбӣ муборак-созандагони ватан

Иди касбӣ муборак-созандагони ватан


6-08-2015, 20:22.
Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар таҷлили «Рӯзи сохтмончӣ» ҳамаи сохтмончиёни кишварро табрику таҳният мегӯяд.

Иттифоқи касабаи соҳа саҳми сохтмончиёнро дар рушди фарҳанги сохтмонию шаҳрсозии ҷумҳурӣ назаррас шумурда, бо фараҳмандӣ аз нақши онҳо дар бунёди иншооти замонавии иҷтимоиву фарҳангӣ, ки симои кишварамон, шаҳру деҳот, аз ҷумла пойтахти он шаҳри Душанберо зебову дилрабо гардонидааст, ёдовар мешавад.

Албатта, дастовардҳои соҳа ба ҳамагон маълум аст ва боз ҳам имкониятҳои рушди ояндаи он вуҷуд дорад ва иттифоқи касабаи соҳа дар ин самт ба сохтмончиёни кишвар барору комёбӣ таманно дорад.

Боварӣ дорем ҳамкории Шумо бо иттифоқи касабаи соҳа баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кормандони сохтмон ва саноати масолеҳи бинокории Тоҷикистон василаи хубе хоҳад шуд.

А. Муборакшоев
Раиси Кумтаи Маркази иттифоқи касабаи
кормандони сохтмон ва саноати масолеҳи
бинокории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вернуться назад