Главная > Навидҳо > Тадбирҳои тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия, пешгирӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда

Тадбирҳои тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия, пешгирӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда


11-10-2018, 16:52.
Тадбирҳои тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия, пешгирӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда

Имрӯз дар толори калони маҷлиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо дар бораи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2016-2018 вохӯрии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доираи васеи кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ, Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ, Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, роҳбарон ва кормандони масъули корхона ва ташкилотҳои системаи Кумита, мудирони шуъба ва бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, директорони корхонаҳои фаръии КВД „Лоиҳакаш“ дар шаҳру ноҳияҳо, сармеъморони вилоятҳо ва навоҳии ҷумҳурӣ вобаста ба пешгирӣ ва муқовимати коррупсия ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур сардори Раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзод ва сарнозири Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушвахт Раҳмдил ширкат варзиданд.
Раисикунандаи ҷаласа муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Абдуалимзода дар суханронии ифтитоҳии худ гуфт, ки Кумита дар доираи салоҳиятҳои худ роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи он, интизоми иҷроия, шаффофият ва истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетиро таъмин намуда,ҷиҳати пешгирӣ, бартарафсозӣ, роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ ва татбиқи иҷрои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» чораҳои зарурӣ меандешад.
Қобили зикр мебошад, ки дар асоси мактуби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия санаи 1 феврали соли 2018 дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсия), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2016, №465 тасдиқ шудааст ҷиҳати гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ гурӯҳи баҳодиҳӣ таъсис дода шуд.
Таҳлили хавфҳои коррупсионӣ пурра тибқи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, ки дар Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) пешбинӣ карда шудааст, гузаронида шуд.
Таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар доираи се давра: давраи аввал-таҳлили шароити пешакӣ, давраи дуюм-таҳлили хавфҳои коррупсионии бевосита ҷойдошта ва давраи сеюм-баҳодиҳӣ, тартиб додани ҳисобот ва таҳияи тавсияномаҳо ҷиҳати бартараф намудани хавфҳои ошкоргардида, ки он дар шакли нақшаи мукаммал тартиб дода мешавад, гузаронида шуд.
Тадбирҳои тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия, пешгирӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда
Натиҷаи давраҳои таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар ҷаласаҳои гурӯҳ оид ба баҳодиҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар ин хусус Ҳисобот ва Нақшаи мукаммал ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» вобаста ба баҳодиҳӣ ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ барои солҳои 2018 – 2019 тартиб дода шуда, санаи 17 майи соли 2018, №1/1091 ба мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30 августи соли 2013, №1505 ва бо мақсади таъмини иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи идоравии зиддикоррупсионӣ аз 19 январи соли 2016 таҳти №4/Ф ва нақшаи чорабиниҳо дар бораи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2016-2018 аз 10 феврали соли 2016 таҳти №15/Ф, тасдиқ карда шудааст.
Тадбирҳои тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия, пешгирӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда
Барои фаъолият ва нигоҳдории Кумита, банақшагирии моддаҳои гуруҳбандии иқтисодии буҷетӣ барои ҳар сол дар асоси рақамҳои назоратӣ ва ҳисоботҳои пешакии хароҷотҳо амалӣ шуда, дар ин замина сметаи хароҷотии дастгоҳи марказии Кумита, корҳои тадқиқотию ҷустуҷӯӣ ва илмӣ барои ҳар соли молиявӣ алоҳида таҳия гардида, барои тасдиқ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.
Ҳамзамон А.Абдуалимзода намуд, ки маблағҳои ҷудогардида барои нигоҳдории дастгоҳи марказии Кумита, аз он ҷумла номгӯи таҳияи лоиҳаҳои сохтмонӣ, таҳияи нақшаҳои генералӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ гардиданд.
Роҷеъ ба пешгирӣ аз хароҷоти ғайриқонунӣ, оиди хариди арзишҳои молию моддӣ, маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ оиди мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар хароҷоти дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» бо тариқи озмун дар ҳамбастагӣ бо Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида шудаанд.

Мутобиқи банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» аз 30 августи соли 2013, №1504 ва бо мақсади таъмини иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, инчунин таъмини назорати дурусти истифодаи маблағҳои буҷетӣ бо фармоиши раиси Кумита аз 12 августи соли 2016, №54/ф Комиссия оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия таъсис дода шудааст.
Ба иттилоъи А.Абдуалимзода дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида аз тарафи раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита нақшаи дохилиидоравии иҷрои чорабиниҳо қабул шудааст. Назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ таъмин гардида, ҷиҳати роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ дар ин самт чораҳои таъхирнопазири пешгирикунанда андешида мешавад.
Ҳадафи асосии баргузории ҷаласаи имрӯза тадбирҳои тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия, пешгирӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда мебошад. Тадбирҳои тақвият бахшидани муқовимат ба коррупсия, пешгирӣ ва омилҳои ба он мусоидаткунанда
Ҷиҳати баррасии масъала намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳозиринро бори дигар баҳри дар сатҳи баланд иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ, бартарафcозӣ ва роҳ надодан ба омилҳои коррупсионӣ, амалӣ намудани асосҳои пешгирӣ, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия ва омилҳои ба он мусоидакунанда ва таъмини иштироки кормандон дар мубориза бо коррупсия, амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ ҷиҳати пурзур намудани мубориза бар зидди коррупсия даъват намуданд.

Д.Нурзода
Вернуться назад