Главная > Навидҳо > Дар Душанбе Фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон таҳти унвони «Рангоранг» ҷараён дорад

Дар Душанбе Фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон таҳти унвони «Рангоранг» ҷараён дорад


15-09-2018, 16:04.
Имрӯз, 15 сентябр дар Боғи кӯдакони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон таҳти унвони «Рангоранг» баргузор гардид.

Фестивали мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи пойтахт ва муносибати 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардад.

Дар доираи фестивали мазкур кӯдакону наврасон – таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии пойтахт дастранҷи ҳунару эҷоди худро ба маърази тамошо гузошта, инчунин бо роҳбаладии омӯзгорон барои сокинону меҳмонони навраси пойтахт барномаҳои дастони моҳир баргузор намуданд.

Ин ҷо корҳои кӯдакон дар бахшҳои ҳунариву техникӣ, санъати тасвирӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва варзишу тарбияи ҷисмонӣ ба намоиш гузошта шуд. Инчунин ба хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт имконият дода шуд, ки бо иттиҳодияҳои таълимӣ ва маҳфилҳои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ва муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт аз наздик ошно шуда, ба онҳо аъзо шаванд.

Фестивал бо баргузории барномаи фарҳангӣ бо иштироки наврасони эҷодкор идома ёфта, дар охир ба иштирокчиёни барнома ифтихорномаҳову дипломҳои созмондиҳандагони он тақдим карда шуд.
Вернуться назад