Главная > Навидҳо > «Ҳамаи кишварҳо бояд дар мубориза бар зидди терроризм муттаҳид бошанд»

«Ҳамаи кишварҳо бояд дар мубориза бар зидди терроризм муттаҳид бошанд»


23-11-2015, 09:52.
Рӯзи якшанбе нахуствазири Япония Синдзо Абе дар як нишасти хабарӣ дар КУАЛА-ЛУМПУР-пойтахти Малайзия гуфтааст. Сарвазири Япония гуфт: «Имрӯзҳо терроризм ба арзишҳои умумибашарии ҷаҳон ҳушдор дод, ки -«Ҳамаи кишварҳо бояд дар мубориза бар зидди терроризм муттаҳид бошанд. Бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мубориза бар зидди ин хатар тамоми воситаҳоро истифода барад». Ба ақидаи ӯ дар сатҳи байналмилалӣ ҷамъ омадани роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои «бист», дар нишасти сарони кишварҳои ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором (APEC) ва нишасти Шарқу Осиё (МБ), худ баёнгари ҳамбастагии тамоми кишварҳо дар муқобили ин мушкилот мебошад.
Сарвазири Япония аз ҳамлаҳои террористии Париж ва ҳавопаймои Русия дар нимҷазираи Синайи Миср низ ёдовар шуда гуфтааст, ки кишвари Япония дар ҳамбастагӣ бо дигар кишварҳо барои мубориза бар зидди терроризм тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод.

Вернуться назад