Главная > Навидҳо > ОГОҲИИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА: аз 7 то 10 июл бе зарурат ба кӯча набароед!

ОГОҲИИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА: аз 7 то 10 июл бе зарурат ба кӯча набароед!


5-07-2018, 17:18.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки бинобар гарм омадани ҳаво тӯли рӯзҳои 7-10 июл аз сайру гашт дар нимаи дуюми рӯз, нӯшидани нӯшокиҳои газдор ва оббозӣ дар обанборҳо худдорӣ намоянд. Нафароне, ки аз бемории фишорбаландӣ, диққи нафас ва бемории қалб ранҷ мекашанд, бояд тибқи тавсияҳои духтурон амал намуда, бе зарурат ба кӯча набароянд.

Тавре сухангӯи Кумитаи мазкур Умеда Юсуфӣ хабар дод, сокинонро зарур аст бо кӯдакони хурдсолашон нисфирӯзӣ ба сайру гашт набароянд. Ҳарчӣ бештар об нӯшанд ва аз нӯшидани нӯшокиҳои газдор, ширин ва спиртӣ худдорӣ намоянд. Матоъҳои аз либоси пахтагин омода шударо ба бар намуда, аз либосҳои рангашон равшан худдорӣ намоянд.

«Ҳангоми истироҳат ва оббозӣ бояд эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро дар наздикии дарёҳо, ҷӯйборҳо ва ҳавзу обанборҳо риоя намоянд. Дар ин самт волидонро зарур аст, то нисбат ба фарзандони худ беаҳамиятӣ зоҳир нанамоянд, балки масъулиятпазир бошанд»,-зикр намуд У.Юсуфӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи гармии зиёд эҳтимоли обшавии пиряхҳо дар назар аст. Дар натиҷаи ин ҳолат омадани сел ва ярч дар доманакӯҳҳо имкон дорад.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз 7 июл дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво баланд шуда, рӯзона дар вилояти Хатлон 43, ноҳияҳои тобеи марказ 42, вилояти Суғд 42, дар шаҳри Душанбе 41, дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 35 ва дар шарқи он 25 дараҷа гарм мешавад.
Вернуться назад