Главная > Навидҳо > Дар Душанбе Форуми рушди Тоҷикистон баргузор гардид

Дар Душанбе Форуми рушди Тоҷикистон баргузор гардид


3-07-2018, 12:04.
Имрӯз пас аз баргузории ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми рушди Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар Форум, ки таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода доир шуд, намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок доштанд.

Форум бо мақсади баррасии дастовардҳои рушди иҷтимоию иқтисодии тайи солҳои (2017-2018) бадастомада, мушкилоти мавҷуда ва дурнамо барои солҳои минбаъда дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030, Барномаи миёнамуҳлат ва Ҳадафҳои рушди устувор доир гардид.

Дар ин замина, вазорату идораҳо якҷоя бо шарикони рушд дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба тадбирҳои таъминкунандаи рушд ҷиҳати таъмини ислоҳот дар самти рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва саҳми бахши хусусӣ, самаранокии саноати кишвар – асоси гузариш аз модели аграрӣ-индустриалӣ ба модели индустриалӣ-аграрӣ, тақвияти неруи инсонӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо, истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ, идораи хатарҳои офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим пазируфта, хулоса ва пешниҳодҳои мушаххасро барои ҳамкории оянда манзур намуданд.

Таъкид гардид, ки барои самаранок амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, се давраи миёнамуҳлат пешбинӣ шудааст, ки давраи аввали он гузариш аз модели аграрӣ-индустриалӣ ба модели индустриалӣ-аграрии иқтисодиёти кишвар мебошад.

Аз ин лиҳоз, гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ, ки ба сармоягузориҳои рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда асос ёфтааст, чун заминаи марҳилаи мазкур баромад мекунад. Модели мазкур ба механизмҳои самараноки институтсионалӣ, ки ба тақвияти ислоҳот дар тайёр кардани мутахассисони муосири ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, ҷалби сармоягузориҳо ба бахши воқеии иқтисодиёт ва инфрасохтор имкон медиҳад, такя менамояд.

Ҳамчунин ин модел бояд такондиҳандаи афзоиши босуръати соҳаи саноат, кишоварзӣ ва молиявӣ гардида, ба таъсиси ҷойҳои нави кории дорои дараҷаи баланди истеҳсолӣ, баромадан ба бозори нави содиротӣ ва кам кардани вобастагии кишвар аз интиқоли маблағҳои пулӣ мусоидат менамояд.
Ба гуфтаи иштирокчиёни Форум, амалӣ намудани модели мазкур бояд ба мувозинати бахшҳои асосии рушди устувор – бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ такя намуда, ба вусъати имкониятҳои иқтисодию иҷтимоии мардону занон мусоидат намояд.
Вернуться назад