Главная > Навидҳо > Дар Душанбе Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об пеш аз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Об барои рушди устувор» баргузор мегардад

Дар Душанбе Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об пеш аз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Об барои рушди устувор» баргузор мегардад


14-06-2018, 16:54.
20-22 июни соли 2018 дар доираи Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ)-2030 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 баргузор мешавад, ки ба амалисозии ҲРУ 6: «Таъмини дастрасӣ ва истифодаи оқилонаи об ва беҳдошт барои ҳама» равона шудааст.

Тавре аз намояндагии ЮНИСЕФ хабар доданд, дар чаҳорчӯби ин ҳамоиши байналмилалӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ 19 июн барномаи якрӯзаи пеш аз конфронс таҳти унвони «Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об» доир мегардад, ки ҳадафи он дастрасии ҳар як кӯдак дар ҳама ҷо ба оби бехатар ва беҳдошт мебошад.

Анҷумани мазкур дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузаронида шуда, аз се бахши асосӣ иборат хоҳад буд ва дар он садҳо шарикони миллию байналмилалӣ, кӯдакон ва наврасон иштирок мекунанд. Зимнан масъалаҳои таъмини об, беҳдошт ва тозагӣ, инчунин таъсири он ба ояндаи беҳтар барои ҳар як кӯдак баррасӣ мешаванд.

Яке аз бахшҳои асосии Анҷуман баргузории намоишгоҳ аст, ки дар он 14 лоиҳаи беҳтарини озмуни ҷумҳуриявии «Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ» ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Онҳоро духтарон ва писарони наврас бо мақсади дарёфти роҳу воситаҳои навоваронаи таъмини об, беҳдошт ва тозагӣ тарҳрезӣ кардаанд. Намоишгоҳ дар макони баргузории Анҷуман созмон дода мешавад.

Анҷуман ҳамчунин барои шунидани садои кӯдакон ва наврасон, духтарон ва писарон аз тамоми қаламрави Тоҷикистон оид ба масоили таъмини об, беҳдошт ва тозагӣ фазои мусоид фароҳам меорад. Парчами обии кӯдакон, ки фарогири даҳҳо тасвири кашидаи кӯдакону наврасон аз ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон аст, ҳамчун рамзи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд истифода мешавад.

Иштирокдорон иртиботи таъмини об, беҳдошт ва тозагиро бо инкишофи барвақтии кӯдакон зимни ҷаласаи ҷудогона бо ҳузури коршиносони ҷаҳонӣ аз Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин фаъолони миллӣ ва волидон баррасӣ мекунанд.

Дар ҷамъбаст маросими супоридани мукофотҳо ба 3 лоиҳаи беҳтарини озмуни «Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ» баргузор мегардад.
манбаъ: АМИТ «Ховар»
Вернуться назад