Главная > Навидҳо > 15 июн дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии вилояти Суғд хони идона густурда мешавад

15 июн дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоии вилояти Суғд хони идона густурда мешавад


14-06-2018, 11:38.
Бахшида ба иди Рамазон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ 15 июни соли равон дар 19 муассисаи иҷтимоӣ, аз ҷумла, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаб-интернатҳо, мактаби бачагони ятим ва маъюб ва хонаҳои кӯдакони вилояти Суғд аз ҷониби роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва сарпарастони муассисаҳо барои бошандагон дастархонҳои идона ороста шуда, ҳамчунин барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод мегарданд.

Дар ин бора масъулин аз шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд.

Бояд гуфт, ки дар рӯзҳои ҳар иду ҷашнвора аёдат ва дасти саховат дароз намудан ба шахсони ниёзманд, яккаву танҳо, кӯдаконе, ки аз навозиш ва меҳру муҳаббати волидон дур мондаанд, амали хайру савоб ба шумор меравад.

Аз ҷумла, дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар 12 майи соли равон доир ба фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон, рукнҳои он, таҳаммулпазириву эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кумак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон сухан гуфта шуда, масъулини сохторҳои гуногун вазифадор гардиданд, ки ин қишри ниёзманди ҷомеаро дар ин моҳи хайру сахо дастгирӣ намоянд.
манбаъ: АМИТ «Ховар»
Вернуться назад