Главная > Навидҳо > Машқҳои пагоҳирўзӣ бо иштироки кормандони Кумита

Машқҳои пагоҳирўзӣ бо иштироки кормандони Кумита


4-06-2018, 11:26.
Рӯзи 2 июни соли ҷорӣ кормандони зерсохторҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба машқи пагоҳирӯзӣ баромаданд.

Тавре ба “Рӯзномаи бинокорон” хабар доданд, пашқҳои пагоҳирӯзӣ бо мақсади иҷрои Нақшаи баргузории чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” дар заминаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ доир мегарданд. Кормандони зерсохторҳои Кумитаи меъморӣ ин навбат дар боғи Прачами давлатӣ ба обу тоби бадан машғул шудаанд.

Машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони Кумита

Бояд гуфт, ки машғул шудан ба машқҳои пагоҳирӯзӣ барои кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани рӯҳияи ватанпарастӣ ва солимнигаҳдории ҷомеа ба ҳукми анъана даромадааст.


Вернуться назад