Главная > Навидҳо > Дар Душанбе ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунандаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» оғоз гардид

Дар Душанбе ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунандаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» оғоз гардид


14-05-2018, 16:41.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунандаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ба кори худ шурӯъ намуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни конфронс хабар медиҳад, дар кори конфронс муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об Султон Раҳимзода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ Хайрулло Ибодзода, ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, муовини роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд Кристина Лаабс ва дигар аъзои Кумита аз кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони ташкилотҳои дахлдори байналмилаливу минтақавӣ иштирок намуданд.

Ба гуфтаи Султон Раҳимзода, Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда аз ҳисоби сиёсатмадорон, олимон ва коршииносон барои мусоидат ва расонидани кумак ба Кумитаи миллии ташкилӣ дар омодасозӣ ва баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки 20-22 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, таъсис дода шудааст. «Яке аз ҳадафҳои асосии Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда ин ҷалби ҷонибҳои гуногуни манфиатдор дар раванди омодасозӣ, баҳисобгирии манфиатҳои онҳо ҳангоми қабули қарорҳо, ҳамчунин таъмини ҳамгироӣ бо дигар чорабиниҳое, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалӣ баргузор мегарданд, ба ҳисоб меравад. Вазифаҳои дигари Кумита ин таҳияи барномаи конфронс ва ҳуҷҷатҳо оид ба натиҷаҳои он мебошанд. Имрӯз дар доираи ҷаласаи дуввум мо мушаххасан ҳар як иҷлосияи конфронсро, ки дар барнома оварда шудаанд, баррасӣ мекунем ва дар ин чорабинӣ, ки давоми ду рӯз баргузор мегардад, лоиҳаҳои нахустини санадҳои конфронс таҳия хоҳанд шуд», — афзуд С. Раҳимзода.

Бояд зикр намуд, ки се ҷаласаи Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда ба нақша гирифта шуда буд. Ҷаласаи якум 18 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Бразилия дар доираи Форуми 8-уми умумиҷаҳонии об доир шуд. Ҷаласаи дуюм 14-15 май ва ҷаласаи сеюм 18 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Ба иттилои ташкилкунандагони ин конфронс, ҳамаи ин ҷаласаҳо имконияти баррасии масъалаҳои банақшагирифташударо фароҳам оварда, ба муайян намудани амалҳои минбаъда оид ба омодагӣ ва баргузории конфронс мусоидат менамоянд.






Вернуться назад