Главная > Навидҳо > Истиқлолият – кафили рӯзгори осоишта

Истиқлолият – кафили рӯзгори осоишта


26-08-2015, 20:08.
Бузургтарин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири асри бистум Истиқлолияти давлатист. Давлатдории миллӣ бунёд гардид, дар кулли соҳоти кишвар пешравиҳо ба назар расид ва дар замони ҷаҳонишавиии ақидаҳои солим Тоҷикистон тавонист худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Ин усул дар мағз – мағзи сиёсати давлатии мо ҷой гирифт ва ҳамин буд, ки эътибор ва шаъни миллӣ оҳиста – оҳиста дар сатҳи ҷаҳон Тоҷикистонро дар мувофиқат бо суннатҳои ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои азалии моро эҳё кард. Ба ин маънӣ, метавон гуфт, дастоварди азими миллати тоҷик дар тӯли ҳазор соли охир бунёди давлатдории миллӣ ва мақоми ҷаҳониро дарёфт кардани он мебошад. Ин дар қиболи худ, дар ояндаи наздик навгониҳои дигареро низ дар сатҳи шукуфоӣ ва пешрафти мамлакат дар худ дорад.

Пуштибониву эҳё ва дифоъ аз арзишҳои асили миллӣ, дарвоқеъ, дифоъ аз манфиатҳои навъи башар ва дифоъ аз арзишҳои умумиинсонист. Ба ин далел, сиёсати пешгирифтаи Раҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон чун паёмҳои таърихӣ ва кунунии тоҷикон ба мардуми олам дар сатҳи сиёсати ҷаҳонӣ мӯҷиби пазироӣ, дастгирӣ ва тарғибу таблиғ қарор гирифт.

Андешаи сиёсии ҳар миллат, бахусус, миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддун аз ҷузъиёт ва унсурҳои сершумор ва дорои тамоюлоти мафкуравӣ таркиб меёбад. Ба ҳам омадани ақидаҳо дар замони глобализатсия, инкишофи муносибатҳо бо давлатҳои дуру наздики хориҷӣ аз масъалаҳои калидии ҳамкориҳои ҳасанаи кишвари мо ба оламиён аст. Худи он, ки давлати моро бештар аз сад мамлакат ба расмият шинохтаву бо кулли онҳо робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву сиёсиро барқарор намудаем, ин худ далели эътиқодмандии кулли давлатҳои ба мо дӯсту ҳамсоя ва ҳамақида аст. Яъне, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эълон доштани сиёсати дарҳои кушода тавонист ҷаҳониёнро бо худ ҷалб созад ва дар баробари ин, ба муносибатҳои мухталифи байни давлатҳо таҳким бахшад. Беҳуда нест, ки дар моддаи 1 – и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноанд». Акнун суоле пеши рӯ меояд, ки Истиқлолият ба мо чӣ дод?

Бояд гуфт, ки таърихи мардуми шарифи тоҷик аз воқеаҳо ва таҳаввулоти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ саршор аст ва муҳимтарини онҳо, албатта, ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки он ҳар сол рӯзи 9 – уми сентябр бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Имсол ҳам чун солҳои пешин солгарди истиқлолияти давлатии мо дар шаҳру ноҳияҳо, дар ҳамаи гӯшаю канори мамлакатамон бо ҳашамати хоса таҷлил мегардад ва табиист, ки дар ҷаласаву ҷамъомадҳо ва суҳбатҳои идона дастовардҳои беназири солҳои истиқлолият ва ҳамчунин, масоили ҳалношуда ва вазифаҳои оянда мавриди гуфтугӯ ва баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Бидуни шубҳа, муваффақиятҳои мо дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ бисёр ва назаррасанд. Дар солҳои сипаригардидаи истиқлолият бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёде таҳкурсии давлати мо гузошта шуд, корҳои азими ободониву созандагӣ оғоз ёфт, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории он ба самтҳои стратегии сиёсати давлатӣ табдил гардид, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва бо ҳамин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мақсади асосиии давлат ва ҳукумат мебошад.

Дастовардҳои миллати тоҷик ва тамоми сокинони ҷумҳурии мо дар солҳои истиқлолияти давлатӣ хеле бузургу баҳснопазиранд ва ҳамаи ин, пеш аз ҳама, натиҷаи саъю кӯшиш ва талошҳои беҳамтои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон , шароити осоишта, сулҳу Ваҳдат, амният, ягонагии мардуми меҳнатдӯсту заҳматкаши кишвари мо – Тоҷикистон аст, ки онро ҳар фарди ҷомеа ба хубӣ эҳсос менамояд.

Маълум, ки бе доштани донишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва пешрафти илму техника ба дастовардҳои дилхоҳ ноил гардидан хеле душвор аст. Аз ин рӯ, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ фикру зикри зимомдорони давлат аз пайи аҳамияти ҷиддӣ додан ба омӯзиш ва парвариши кадрҳо равона гардид. Дар ин росто Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол ба комёбиҳо муваффақ гардида истодааст. Масалан, агар солҳои охири навадум дар ҷумҳуриамон беш аз нӯҳ ҳазор нафар омӯзгор бо маълумотҳои махсус, касбӣ- техникӣ ва ё бо маълумоти миёнаи касбӣ ва умумӣ ба тадрис машғул буданд, пас имрӯз ин раванд бамаротиб кам шуда истодааст. Албатта, ин низ аз файзи истиқлол дарак медиҳад. Дар ҳоли ҳозир, дар 3836 муассисаи таълимии зинаи ибтидоӣ ва миёнаи Тоҷикистон бештар аз 1,5 миллион нафар хонанда таҳсил мекунанд, ки аз инҳо беш аз нисфи онҳоро духтарҳо ташкил додаанд. Дар 32 муассисаи таҳсилоти олии кишвар донишҷӯён ба омӯзиши асосҳои илм машғуланд. Ҳамчунин, дар чанд шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳуриамон филиалҳои чунин донишгоҳу донишкадаҳо бо дарбаргирии шогирдон ба онҳо сабақ меомӯзанд. Имрӯз Тоҷикистон бештар ба мутахассисони соҳаи иқтисоду бонкдорӣ, риёзӣ, тиббӣ ҳуқуқ, муносибатҳои байналмилалӣ эҳтиёҷ дорад. Як қисми ҷавонони баҳуши кишвар пас аз супурдани имтиҳонҳо таҳсил дар мамолики хориҷиро ихтиёр менамоянд, ки боиси аҳсан ва хурсандист, зеро он ихтисосҳое, ки дар мо вуҷуд надорад, дар натиҷаи хониш ва азбар кардани ин соҳаҳо онҳо метавонанд ба Ватани худ баргашта, ба халқу Ватани хеш хизмат намоянд. Имрӯз дар макотиби олии хориҷӣ бештар аз ду ҳазор нафар донишҷӯ сабақ меомӯзанд. Алъон донишҷӯёни мо дар Россия, ҶИЭ, Қазоқистон, Украина, Белорус, Малайзия, Туркия ва ғайра таҳсили илм карда истодаанд. Ҷомеа бояд ба ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ба маҳфилҳои илмиву озмунҳои фаннӣ диққати ҷиддӣ диҳанд, то ки онҳо барои муаррифии истеъдоди худ дар дохил ва хориҷи мамлакат имконияти бештар пайдо намоянд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (соли 2010, бо такмилу иловаҳо дар соли 2013) ба ҷавонон имкон медиҳад, ки худро бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гардонда, дар истеҳкоми соҳаҳои гуногуни мамлакат нақши калидӣ бозанд. Барои ин, тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд ва танҳо хоҳиш, дилбастагӣ ва ташаббус лозим, ки ба ҳадафҳои ниҳоии худ бирасем. Ҳамчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» имконият медиҳад, ки вобаста ба сатҳи таълим ва тарбияи фарзандон бетараф набошем. Мақсаду мароми қонуни мазкур ҳам пурзӯр намудани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи онҳо ва дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Чунонки Президенти мамлакат таъкид намудаанд, «Давлату Ҳукумати кишвар масъалаи бо донишҳои мукаммалу муосир мусаллаҳ гардондани хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, касбомӯзони донишгоҳу коллеҷҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакатро вазифаи доимӣ ва аввалиндараҷаи фаъолияти худ медонад». Воқеан ҳам, ҳамаи масъалаҳо ба кадрҳо вобастагии зич дорад. Маҳз кадрҳо метавонанд дар таҳкими ҳамаи соҳаҳои кишвар саҳми муносибу бештаре гузоранд. Аз ин рӯ, тӯли даҳ – понздаҳ соли охир аҳамияти бештар додан ба таҷдиду сохтмони мактабҳо фоли нек аст. Зеро барои муваффақ шудан ба донишҳои назариву амалӣ, пеш аз ҳама, доштани шароити хуб аз ҳама муҳим аст. Агар ба ҳамаи ин масъалаҳо диққати ҷиддӣ диҳем, мебинем, ки он аз файзу баракати истиқлол аст. Истиқлоле, ки ҳамеша касро ба сӯйи созандагиҳо раҳнамун месозад. Истиқлолияти давлату миллат аст, ки сабаби пойдории давлатҳо мегардад. Ба таъкид Президенти давлатамон «Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳу нохоҳ гирифтори тафаккури ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».

Дар давоми 24 соли Истиқлолияти давлатӣ ба аксари дастовардҳо ноил гардидем, ки соҳаи сохтмон аз ҳамин ҷумла аст. Бино сохтан, ободу зебо гардондани диёр, кори хайр ва пурифтихор аст. Ҳоло дар ҳамаи гӯшаву канори ҷумҳуриамон кори сохтмон дар авҷ аст. Дар ин бобат махсусан, пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе намунаи ибрат мебошад. Ҳар гоҳ, ки аз кӯчаву хиёбонҳои ободу зебои шаҳр гузар кунем, қатор – қатор биноҳои пурҳашаматро дида, диламон аз хурсандӣ лабрез мешавад ва фикр мекунем, ки ҳатман рӯзе мерасаду он боз ҳам ба таври шинохтанашаванда обод мегардад.

Бояд афзуд, ки ҳар сол дар сатҳи олӣ таҷлил шудани рӯзи Истиқлолияти Давлатии Тоҷикистон ва ба ҷашни умумихалқӣ табдил ёфтани он гувоҳ аз он медиҳад, ки аҳамияташ чӣ қадар бузургу беҳамтост. Маҳз ҳамин истиқлолият ва ваҳдату ягонагии миллат барои мардуми мо шароити мусоиди кору фаъолият ва зиндагии хурсандонаро муҳайё кардааст ва онро бояд акнун ҳар кадоми мо қадршиносӣ намоем. Яъне, ҳар кас бояд қоидаву қонунҳоро риоя намуда, ба касбу кори хеш машғул шавад, барои беҳбудии зиндагии аҳли оила, таълиму тарбияи фарзандон, мутахассисони бомаҳорату донишманд ва шахсиятҳои хушодобу хушахлоқ, созандагони лоиқи ҳаёти ояндаи ҷомеа шудани онҳо азму талош намояд.
Вернуться назад