Главная > Навидҳо > Равзанаи ягона омили баланд бардоштани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ

Равзанаи ягона омили баланд бардоштани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ


7-03-2018, 11:41.
Равзанаи ягона омили баланд бардоштани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ

Сафарзода Абубакр Аваз
Директори Муассисаи давлатии "Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ"


Тавассути сиёсати пайгирона ва хираду заковати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи чаҳонӣ шинохта шуда, дар ин ҷода иҷрои як қатор ташаббусу чорабиниҳои сатҳи байналмилалиро ба ӯҳда гирифтааст.
Яке аз чунин иқдомҳо роҳандозии принсипи Равзанаи ягона мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ амалӣ шуда истодааст.
Бояд қайд намуд, ки Кумита ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2009, №282 “Дар бораи чораҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 18 апрели соли 2009, №638 “Оид ба такмил додани расмиёти маъмурии вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
Дар ин замина, ҷиҳати беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ ва сифати ҷамъоварию пешниҳоди маълумот ва дар ин замина таҳкими мониторинги шаҳрсозӣ бо қарори Ҳукумати Xумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №327 дар назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозb” таъсис дода шуд.
Муассиса ба номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, айни замон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии он ба анҷом расонида шуда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Xумҳурии Тоҷикистон ҳамкорb бо дигар сохторҳои дахлдори ҷумҳурb ва ташкилотҳои байналмилалb ба роҳ монда шудааст.
Муассисаи давлатии “Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ” фаъолияти худро дар асоси Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи муассиса ва дигар санадҳои меъёриии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи шаҳрсозӣ, тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумита амалӣ мегардонад.
Муассиса дар баробари татбиқи принсипи равзанаи ягона барои пешбурди кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ, таъмини мақомоти дахлдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо маълумотҳои дақиқ оид ба фазои фаъолияти ҳаётӣ, тағйиротҳои дар он ба вуҷуд омада, аз ҷумла маҳдудияти истифодабарии ҳудуд ва иншоотҳои ғайри манқул, дигар маълумотҳо дар барои фаъолияти шаҳрсозӣ, сармоягузорӣ, идораи замин, фаъолияти хоҷагидорӣ, арзёбӣ ва андозбандии иншоотҳои ғайриманқул аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низом даровардани расмиёти маъмурӣ бо назардошти истифодаи принсипи “равзанаи ягона” ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани сатҳ ва самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ замина гузошта, ба ҳар як шаҳрванди хоҳишманд шароити мусоид фароҳам меорад, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин ҳуҷҷатҳои худро барасмият дароварда, ба фаъолият шуруъ намояд.
Дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ” зерлоиҳаи “Идораи институтсионалӣ оид ба дастгирии “Равзанаи ягона” барои гирифтани иҷозати сохтмон” барои таъминоти моддию техникии мақомотҳои маҳаллии меъморию шаҳрсозии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҷиҳати пешбурди низоми равзанаи ягона 800 ҳазор доллари амрикоӣ пешбинӣ шуда буд.
Айни ҳол аз маблағи пешбинишуда ба маблағи 287 ҳазор доллари амрикоӣ техникаи компютерӣ барои таъминоти мақомотҳои маҳаллии меъморию шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва маблағи 263 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳизот барои лабораторияи озмоишии Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумита, харидорӣ карда шуд.
Айни замон дар доираи фаъолияти Муассиса барномаи пешбурди равзанаи ягона дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ва ширкати Синон таҳия гардида, ба шабакаҳои интернетию корпаративии VPN канал Тоҷиктелеком пайваст карда шуд. Ҳамчунин дар Муассиса барои барномасозии кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва мониторинг заминаҳои техникӣ мавҷуд буда, бо таъмини маблағгузории зарурӣ чорабинии мазкур ба анҷом расонида мешавад.
Ёдовар бояд шуд, ки тибқи натиҷаҳои ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Умумиҷаҳонӣ, ки танзими давлатии фаъолияти соҳибкориро дар кишварҳои олам арзёбӣ мекунад, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018-ум мавқеи худро 5 зина боло бурда, аз мавқеи 128-ум мавқеи 123-юмро дар баробари ба даст овардани 56,86%-и таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ишғол намудааст.
Ин пешравӣ асосан аз рӯи беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои “Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ” ба 28 зина, “Гирифтани иҷозат барои сохтмон” ба 26 зина, “Пайвастшавӣ ба қувваи барқ” ба 2 зина, “Бақайдгирии моликият” ба 7 зина, “Андозбандӣ” ба 8 зина, “Тиҷорати байналмилалӣ” ба 3 зина ва инчунин “Таъмини иҷроиши қарордод” ба 1 зина ба даст омадааст.
Ҳамзамон, тибқи Оиннома, ки бо Фармоиши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2017 №75/ф тасдиқ карда шудааст, Муассиса он намудҳои фаъолиятеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва ба мақсадҳои оинномавии муассиса мутобиқат менамоянд, ба амал бароварда метавонад.
Дар ин замина, дар Муассиса Бахши ородиҳӣ ва нашри корҳо ташкил дода шудааст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад ва имкон дорад, ки пешниҳоди хизматрасониҳоро дар ин самт амалӣ намояд.


Суроға : шаҳри Душанбе, хиёбони Ш.Ҳусейнзода 36
Телефони корӣ: 2 21 26 63
E-mail: m.d.ravzana.kadastr@mail.ru
Вернуться назад