Главная > Навидҳо > Барои иҷрои вазифаҳои дар Паём гузошташуда кўшиш ба харҷ медиҳем!

Барои иҷрои вазифаҳои дар Паём гузошташуда кўшиш ба харҷ медиҳем!


7-02-2018, 14:58.
Барои иҷрои вазифаҳои дар Паём гузошташуда  кӯшиш ба харҷ медиҳем!
Рӯзи 6 феврали соли ҷорӣ ҷаласаи кории Раёсати экспертизаи давлатӣ роҷеъ ба фаҳмондани мӯҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт.
Сардори Раёсат Сӯҳроб Саъдуллозода таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба хусусиятҳои хоси Паёми имсола равона сохта, дар бораи нуқтаҳои муҳим ва самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар кард. Аз ҷумла, С.Саъдуллозода ишора намуд, ки сарвари давлат дар Паёми худ бо мисолҳои дақиқ ва далелҳои мушаххас нишон доданд, ки сатҳи зиндагии мардум то куҷо беҳтар шудааст. Сиёсати давлат ба он равона карда шудааст, ки барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад.
Барои иҷрои вазифаҳои дар Паём гузошташуда  кӯшиш ба харҷ медиҳем!
- “Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 аз ҷониби Пешвои миллат дар мамлакат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Қабул гардидани Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» ва дигар қарору қонунҳои соҳавӣ далели таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии давлату ҳукуматанд” , – афзуд ӯ.
Сипас, Нурзода Р.Н. - директори КВД “Ташхисгар” қайд намуд, ки Пешвои миллат дар бахши меъмориву шаҳрсозӣ оид ба аҳамияти аввалиндараҷа додан ҳангоми амалӣ намудани сохтмони иншооту биноҳои нав ба риояи талаботи санъати баланди меъморӣ дастур додаанд.
Барои иҷрои вазифаҳои дар Паём гузошташуда  кӯшиш ба харҷ медиҳем!
Дар интиҳои баромади худ Нурзода Р.Н. гуфт, ки сохтмончиёну меъморони ҷумҳурӣ дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳамчун барномаи амал қарор дода, фаъолияти мақсадноки худро дар пешрафти ҷанбаҳои гуногуни ҷомеа аз рӯи чорабиниҳои тасдиқгардида равона менамоянд.
Барои иҷрои вазифаҳои дар Паём гузошташуда  кӯшиш ба харҷ медиҳем!

– “Барои иҷрои вазифаҳои дар Паём гузошташуда, аз ҷумла истифодаи технологияҳои ҳозиразамон барои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, истифодаи технологияҳои каммасраф, таҳияи лоиҳаи хонаҳои истиқоматии дастрас, лоиҳаи инфрасохтори сайёҳии ба талаботи муосир ҷавобгӯ, баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонӣ, сохтмони иншооту биноҳои нав бо риояи талаботи санъати баланди меъморӣ ва бунёди иншооти сохташаванда бахшида ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳем, зеро ҳар як корманди Раёсат ва КВД “Ташхисгар” бояд дар ҳамаи корҳои ободониву созандагӣ пешсаф, ташаббускор ва намунаи ибрат бошанд”, хулоса намуд Нурзода Р.Н.

Мухбири “Рӯзномаи бинокорон”
Вернуться назад