Главная > Навидҳо > Дар амал татбиқ намудани дастурҳои Паём вазифаи мост

Дар амал татбиқ намудани дастурҳои Паём вазифаи мост


7-02-2018, 12:21.
Дар амал татбиқ намудани дастурҳои Паём вазифаи мост
Ҷиҳати омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 5 феврали соли равон ҷаласаи кормандони Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ баргузор гашт.
Дар оғози ҷаласа муовини Сардори Хадамот Раҳимов И. ташабусҳои навини Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зикр карда, шарҳ дод, ки дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва рӯзи ҷаҳонии об, 22 март оғози расмии раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва ҳамчунин баргузории Конфронси байналмилалӣ ва ҷаласаи сарони Ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, яке аз омилҳои муҳими навбатӣ, боло рафтани мақоми кишвари мо давоми соли 2018 хоҳад шуд.
Инчунин ба таъкиди ӯ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти худ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту суббот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мардумони минтақа дар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад.
Зимни суханронии худ Давлатова Д. Мутахассиси пешбари бахши кадрҳо ва ҳуқуқи Хадамот қайд намуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон яке аз падидаҳои таърихӣ ва нотакрор дар замони марҳилаҳои мураккаби ҷаҳони муосир арзёбӣ кард.
Дар амал татбиқ намудани дастурҳои Паём вазифаи мост
-“Бо таваҷҷуҳ ба ҳалли масъалаҳо, сарвари давлат Паёми навбатии худро чунин ибтидо бахшиданд: “Мусаллам аст, ки фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад.” Аз ин ҷост, ки Президенти мамлакат таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонро дар сархатти масъалаҳои мубрами рӯз қарор дода, раванди авҷ гирифтани зуҳуроти тероризмро ба субботу амнияти курраи замин хавфу хатари ҷиддии замони муосир унвон намуданд.” – ишора намуд Давлатова Д.
Дар идомаи сухан қайд гардид, ки дар замони мураккабу таъғирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳон, кишвари мо бо дарназардошти арзишҳои миллию давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода карда, мавқеъ ва нуфузашро дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам мустаҳакамтару устувортар намуд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташабусҳои навин, мутобиқи натиҷа ва арзёбиҳои байналмилалӣ, тайи ду даҳсолаи гузашта ҳамчун кишвари ташабускори ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Мирзоҳусейн Юсуфзода аз ташаббусҳои имсолаи Пешвои миллат изҳори хушнудӣ карда, иброз дошт, ки бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори саёҳӣ пешниҳод карда шуд, ки соли 2018 дар кишвар ҳамчун соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Ба андешаи Мирзоҳусейн яке аз роҳҳои нигоҳдории ҳунарҳои мардумӣ ин аз нав зинда кардани онҳост ва ин буд, ки сарвари давлат барои чунин ашхоси ҳунарманд имкониятҳои васеъро пешниҳод карданд. Аз ҷумла Пешвои миллат илова намуданд, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ, ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фуруши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад.
Дар амал татбиқ намудани дастурҳои Паём вазифаи мост
Дар Паёми имсола Дилшод Саидовро масъалаи мактабу маориф ва таҳсил ҷалб намудааст. Тавре ӯ гуфт: “Яке аз масъалаҳои муҳими дигаре, ки ба он Пешвои миллат дар паёми худ мароқи бештар зоҳир намуданд, ин рушди соҳаи маориф ва илми тоҷик буд. Ҳамчунин зикр гардид, ки нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ аз се самти асосӣ: дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошад.”
Дар фарҷоми ҷаласа муовини Сардори Хадамот Раҳимов И. қайд намуд, ки Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ, ҷиҳати омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, Нақша-чорабиниҳои дохилиидоравиро таҳия намуда, бо аҳли кормандони Хадамот иҷрои онро роҳандозӣ хоҳад намуд.
М.Раҳмат,
мухбири”РБ”
Вернуться назад