Главная > Навидҳо > Ифтитоҳи нахустин Маркази иттилоотии сайёҳӣ

Ифтитоҳи нахустин Маркази иттилоотии сайёҳӣ


13-01-2018, 14:56.
Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин «Маркази иттилоотии сайёҳӣ» ифтитоҳ ёфт.
Маркази мазкур бо таҷҳизоти муосири иттилоотӣ, аз қабили телевизорҳои плазмавӣ, планшетҳо ва ноутбукҳо таҷҳизонида шуда, дорои маводи иттилоотии сайёҳӣ ва армуғонҳо барои сайёҳон мебошад.

Муовини сардори раёсати рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Мирзоев ҳадафи таъсиси Маркази муосири иттилоотии сайёҳиро ташвиқу тарғиб ва муаррифии бештари таъриху фарҳанги миллӣ ва пешниҳоди маълумоти дурусту саҳеҳ ба сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ арзёбӣ намуда, гуфт: «мақсади марказ хизматрасонии машваратию иттилоотӣ ба сайёҳон ва ҷалби бештари онҳо буда, он барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад».

Дар Марказ планшетҳо ба шабакаи интернет пайваст буда, фарогири тамоми иттилооти зарурӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ, таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу табобатгоҳҳо мебошад ва ба меҳмонон маълумоти саҳеҳро сари вақт пешниҳод менамояд.
Вернуться назад