Главная > Навидҳо > Таҷрибаандузии ҷавонони тоҷик дар Донишгоҳи Васедаи шаҳри Токиои Япония

Таҷрибаандузии ҷавонони тоҷик дар Донишгоҳи Васедаи шаҳри Токиои Япония


28-12-2017, 14:56.
Аз 9 то 22 декабри соли равон гурӯҳи 12-нафараи ҷавонони тоҷик аз Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба факултети илм ва муҳандисии Донишгоҳи Васедаи шаҳри Токиои Япония сафар карданд.
 Таҷрибаандузии ҷавонони тоҷик дар Донишгоҳи Васедаи шаҳри Токиои Япония
Тавре аспиранти Академияи илмҳои Точикистон, ташкилкунандаи гурӯҳи мазкур Меҳрдод Қурбониён зикр кард: «Сафари баргузоргардида бо пешниҳоди банда ва бо ташаббуси профессори шуъбаи системаҳои электронӣ ва физикии факултаи илм ва муҳандисии Донишгоҳи Васеда Томоюки Ямамото ва ходими пешбари илмии Институти муттаҳидаи тадқиқоти ҳастаии шаҳри Дубна Холмирзо Холмуродов ба роҳ монда шуд»

Тавре маълум аст, сиёсати пешгирифтаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дастгирии ҷавонон сол аз сол густариш ёфта, махсусан ба ҷавононе, ки рӯ ба ҷодаи илм ниҳодаанд, тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуда, барои таҷрибаомӯзию донишомӯзии онҳо бо мамлакатҳои дӯст созишномаҳо ба имзо расидаанд.

«Гурӯҳи мо ба воситаи моделсозии квантӣ дар чаҳорчӯбаи назарияи функсионалии зичӣ ба омӯхтани системаҳои физикие, ки дар қисмҳои нурафкани асбобҳои электронии муосир истифода мешаванд, машғуланд. Инчунин зимни сафари мо миёни Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Васеда шартномаи ҳамкорӣ баста шуд, ки дар оянда барои боз ҳам бештар рушд намудани сатҳи ҳамкорӣ мусоидат менамояд»,-гуфт Меҳрдод Қурбониён.

Номбурда зикр кард, ки дар оянда низ ин гуна сафарҳоро роҳандозӣ менамоянд ва бо ин роҳ барои пешбурди фанҳои дакиқ дар мамлакат саҳм мегузоранд, зеро Пешвои миллат ҳамеша ва дар ҳама самт ҷавононро дастгирӣ ва ҳидоят менамоянд.

Маврид ба зикр аст, ки барномаи мубодилавии Сакура дар илм яке аз барномаҳои боэътимод ва машҳур барои мубодилаи мутахассисони соҳавӣ аз ҳисоби маблағи ҷоизадорони Ҷоизаи нобелии Япония дар соҳаи илмҳои дақиқ таъсис дода шудааст ва танҳо намояндагони соҳаи илми кишварҳои Осиё ба ин лоиҳа дастрасӣ доранд.


Вернуться назад