Главная > Навидҳо > Брифинг барои кишварҳои аъзои СММ оид ба Нақшаи Дабири кулли СММ вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Брифинг барои кишварҳои аъзои СММ оид ба Нақшаи Дабири кулли СММ вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»


11-12-2017, 15:08.
Брифинг барои кишварҳои аъзои СММ оид ба Нақшаи Дабири кулли СММ вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»
8 декабр дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк намояндагони кишварҳои аъзои СММ бо мақсади муҳокимаи Нақшаи амали Дабири кулли СММ вобаста ба татбиқи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 гирди ҳам омаданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Брифинги мазкур аз ҷониби Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ дар ҳамкорӣ бо Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (UNDESA) ва СММ-Об доир гардида, дар он ҳудуди 120 намояндаи кишварҳои аъзои СММ ширкат намуданд.

Дар брифинг, ки таҳти раисии Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ М. Маҳмадаминов баргузор шуд, ҳамчунин роҳбари Дафтари расмии Маҷмаи Умумии СММ Франтишек Рузичка, Директори шуъбаи рушди устувори UNDESA Ҷуванг Ҷу ва Директори Донишгоҳи СММ оид ба масъалаҳои об, муҳити зист ва тандурустӣ ва яке аз ҳамоҳангсозони Гурӯҳи СММ-Об роҷеъ ба ташкил ва банақшагирии Даҳсола Владимир Сматкин ширкат ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ аз пуштибонии қавии Дабири кулли СММ ва иқдоми ӯ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Нақшаи амал барои татбиқи Даҳсола изҳори миннатдорӣ намуд. М. Маҳмадаминов ба нақши фаъоли Раиси Маҷмаи Умумии СММ дар баргузории брифинг бахшида ба оғози «Даҳсолаи об барои рушди устувор», ки 22 марти соли 2018 (Рӯзи байналмилалии об) дар Ню-Йорк баргузор мегардад, таъкид намуд. Намояндаи доимӣ ҳамчунин оид ба мундариҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба Даҳсолаи нави об, ки моҳи июни соли 2018 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, маълумот пешкаш кард.

Роҳбари Дафтари Раиси Маҷмаи Умумии СММ оид ба омодагӣ ба оғози Даҳсола маълумот дода, онро ҳамчун майдоне баҳри таҳкими ҳамкорӣ, ҷалби таваҷҷуҳи бештар ба мудирияти устувори захираҳои об ва расонидани мусоидат ба татбиқи ҳадафу вазифаҳои марбут ба об муҳим арзёбӣ кард.


Вернуться назад