Главная > Навидҳо > Парчами Тоҷикстон – башорат аз фарҳанг ва истиқлолият

Парчами Тоҷикстон – башорат аз фарҳанг ва истиқлолият


24-11-2017, 17:30.
Парчами Тоҷикстон – башорат аз фарҳанг ва истиқлолият
Имрӯз ба хотири мақому манзаллат ва эҳтироми Парчами миллӣ дар бинои марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ин сохтор ҷамъомад баргузор гашт.
Дар ин нишаст ҳозирин қайд намдуанд, ки Парчами миллӣ бо «Дирафши Коваён» - и ориёӣ ҳаммаром буда, бо тобиши серанги худ ва тоҷу ситораҳо аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостон, пайкори созандагиву асолати миллӣ ва ормонҳову қаҳрамониҳои родмардони тоҷик башорат медиҳад.
-«Имрӯз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рӯзҳои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар буданд. Яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт» - қайд намуд мутахассиси шӯъбаи ҳуқуқ Абдусамад Рашидов.
Иштирокдорон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар баланд бардоштани арзиши муққадасоти миллӣ назаррас баҳо дода, илова намуданд, ки Пешвои миллат бо нишони эҳтиром ва садоқат ба Парчами миллӣ рӯзи 24 ноябрро рӯзи Парчам эълон карданд. Дар баробари ин ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ роҳбари кишвар бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдорӣ ёфт ва он имрӯз яке аз баландтарин Парчам шинохта шудааст.
Дар охир зикр карда шуд, ки бояд мо эҳтироми Парчамро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳо ба ҷо орем, қадру қиммат ва нақшу этибори онро ба насли наврас ва ҷавонони ояндасоз талқин намоем.Парчами Тоҷикстон – башорат аз фарҳанг ва истиқлолият
Парчами Тоҷикстон – башорат аз фарҳанг ва истиқлолият


Н.Раҳмат,
мухбири "РБ"
Вернуться назад