Главная > Навидҳо > БЕҲРӮЗИ ХОҶАЗОДА ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ОИД БА САМБО ГАРДИД!

БЕҲРӮЗИ ХОҶАЗОДА ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ОИД БА САМБО ГАРДИД!


13-11-2017, 13:17.
БЕҲРӮЗИ ХОҶАЗОДА ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ОИД БА САМБО ГАРДИД!
Паҳлавони ҷавони тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор гардид, дар вазни 74 кило соҳиби ҷои аввал гардид. Аз ду паҳлавони тоҷик – Беҳрӯзи Хоҷазода ва Акмалиддин Каримов, ки ба даври ниҳоии чемпионат роҳ ёфта буданд, Беҳрӯз тавонист ғолиб омада, соҳиби медали тилло шавад.

Беҳрӯзи Хоҷазода баъди 42 соли интизорӣ дастоварди ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Саидмӯъмин Раҳимовро такрор кард ва унвони чемпиони ҷаҳон оид ба самборо ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки Саидмӯъмин Раҳимов ҳанӯз соли 1975 чемпиони ҷаҳон аз намуди самбо шуда буд.

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи дуюми чемпионат дар Сочи се медал – як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

Варзишгари дигари тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочи медали нуқра ба даст овард. Набимуҳаммад дар рақобатҳо дар вазни 100 кг бар се нафар рақибонаш аз ИМА, Ӯзбекистон ва Камерун дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар финал ин самбочии тоҷик бо чемпиони 5- каратаи ҷаҳон, варзишгари мизбон Артём Осипенко рақобат намуда, бо ҳисоби 1:0 мағлуб шуд ва сазовори медали нуқра гардид.

Медали биринҷӣ дастоварди Сорбон Латифов аст, ки дар риштаи самбои муҳорибавӣ дар вазни 62 кило соҳиби ҷои сеюм шуд.

Ин пирӯзӣ ва комёбии таърихӣ ба тамоми ҳаводорони самбо ва кулли дӯстдорони варзиш муборак бошад!
Вернуться назад