Главная > Навидҳо > Қитъаҳои замини собиқ «Бозори Шоҳмансур» ва атрофи он ба эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифта шуданд

Қитъаҳои замини собиқ «Бозори Шоҳмансур» ва атрофи он ба эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифта шуданд


10-11-2017, 12:06.
Бо мақсади татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе моҳе қабл Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» барҳам дода шуд. Дар ин замина қитъаҳои замини ҳудуди бозори собиқ ва атрофи он, воқеъ дар кӯчаҳои Н.Муҳаммад, А. Лоҳутӣ ва Х.Деҳлавӣ, ба эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифта шуда, ба соҳибмулкон ҷуброни зарари амволи иншооти бартарафшаванда пардохт мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар асоси қарори Раиси шаҳр ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замини мазкур бинобар зарурати эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ қатъ гардонида шуда, қитъаи замин дар масоҳати 4,3 гектар ба фонди заминҳои захиравии шаҳри Душанбе дохил карда шуд.

Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо КВД Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» ҷиҳати бартарафсозии иншооти мазкур вазифадор гардидаанд.


Вернуться назад